ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН РОҲБАРОНИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ МАМЛАКАТҲОИ ИДМ-РО ПАЗИРУФТ

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 31 май сарони ҳайати вакилон – роҳбарони вазорату идораҳои корҳои дохилии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки дар чорабиниҳои Шӯрои Вазирони корҳои дохилии ИДМ, ки ин рӯзҳо дар шаҳри Тошканд баргузор мегарданд, иштирок менамоянд, қабул кард.

Президенти Ӯзбекистон ҳайати сарони давлатҳои Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Туркманистонро самимона хайрамақдам гуфта, бо қаноатмандӣ қайд намуд, ки равобити шарикии дуҷониба ва бисёрҷонибаи байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакатҳои Иттиҳод мустаҳкам мегарданд.
Қайд гардид, ки имрӯз Шӯрои вазирони корҳои дохилии ИДМ механизми муҳими ҳамкории самарабахш, мубодилаи таҷрибаи пешқадам ва дониш, инчунин мувофиқгардонии саъю кӯшиш дар мубориза бар зидди  терроризм, экстремизм, наркотрафик, ҷинояти муташаккил ва савдои одам ба ҳисоб меравад.
Дар тӯли панҷ соли охир ба беш аз  25 фоиз коҳиш ёфтани ҷиноят дар фазои Иттиҳод аз самарабахшии кори Шӯро далолат медиҳад.
Ба ғайр аз ин, дар доираи амалиёти муштарак танҳо соли гузашта ба фаъолияти 899 нафар шахсе, ки бо муомилоти ғайриқонунии анвои нашъа машғул шудаанд, хотима гузошта, инчунин 84 ҷинояткор ба даст гирифта шуд.
Дар рафти вохӯрӣ пешомади васеъ гардондани ҳамкории мақомоти корҳои дохилии давлатҳои ИДМ, аз он ҷумла роҳандозии ҳамкории самарабахши байниидоравӣ, баргузор намудани чорабиниҳои муштарак, татбиқи барномаҳо дар соҳаи тайёрии касбии кадрҳо баррасӣ гардиданд.
Инчунин, бинобар масъалаҳои муҳими бехатарии минтақавӣ, аз он ҷумла ба таври  осоишта танзим намудани вазъият дар Афғонистон ва мустаҳкам намудани шарикӣ дар мубориза бар зидди ҷинояти трансмиллӣ мубодилаи афкор ба амал омад.
Роҳбарони ҳайат ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои пазироии гарму ҷӯшон миннатдории амиқ изҳор намуда, саломи сарони давлатҳои худро расонданд.
Ба самарабахшии ислоҳот дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ, ки дар мамлакатамон татбиқ шуда, ба ташаккул додани низоми самарабахши сари вақт пешгирӣ намудан ва профилактикаи қонуншиканиҳо нигаронида шудаанд, баҳои баланд дода шуд.
Омодагии сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи мамлакатҳои Иттиҳод ба рушди минбаъдаи ҳамкории фаъол бо мақсади расондани дастгирии тарафайн ва муттаҳид намудани саъю кӯшиш дар аксуламал бо даъвату таҳдидҳои умумӣ алоҳида қайд гардид.
Дар хотима сарвари давлатамон ба кори ҷамъомади навбатии Шӯрои Вазирони корҳои дохилии ИДМ муваффақият таманно намуд.

ӮзА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: