Барномаи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Қирғизистон ба анҷом расид.
Сарвари давлатамон имрӯз дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои Созмони кишварҳои туркӣ иштирок намуда, як қатор пешниҳоду ташаббусҳои муҳимро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷанба ба миён гузошт.
Дар ҳошияи нишаст Президенти Ӯзбекистон бо Сарвазири Венгрия Виктор Орбан мулоқот кард.
Пас аз анҷоми чорабиниҳои сафар сарвари давлатамон ба Тошканд рафт. Меҳмони олиро дар фурудгоҳи байналмилалии «Манас» Раиси Девони Вазирони Қирғизистон Оқилбек Жапаров гусел кард.