Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 23 апрел Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомиро, ки вазифаи дипломатии худро дар мамлакати мо анҷом медиҳад, қабул кард.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 23 апрел Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомиро, ки вазифаи дипломатии худро дар мамлакати мо анҷом медиҳад, қабул кард.
Роҳбари давлати мо сатҳи баланди кунунии муносибатҳои дӯстона, некҳамсоягӣ ва шарикии стратегиро, ки ба шарофати иродаи сиёсӣ ва иқдоми қатъии сарони ду кишвари бародар ба даст омадаанд, махсус таъкид сохт.
Ҳоли ҳозир муносибатҳои дуҷониба тамоми самтҳоро фаро мегиранд ва мунтазам инкишоф меёбанд, бо мазмуну муҳтавои мушаххас пурра мегарданд.
Дар моҳҳои наздиктарин сафари дараҷаи олӣ ба Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, алҳол ҳукуматҳои ҳар ду кишвар рӯзномаи нави ҳамкориҳои васеъмиқёси тарафайнро барои пешомади дарозмуҳлат ҳамаҷониба омода менамоянд.
Барои хидматҳояш бинобар муваффақ шудан ба сатҳи баланди кунунии муносибатҳои дуҷониба ва саҳми шахсияш дар рушди ҳамкории бисёрҷанба роҳбари давлати мо сафир Содиқ Имомиро бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон мукофотонид.
Дипломат ба Президенти Ӯзбекистон барои баҳои олӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи фаъолияти ӯ дар ҷумҳурӣ миннатдории амиқ изҳор кард.
Вай таъкид сохт, ки минбаъд низ барои бегуфтугӯ татбиқ гардидани вазифа ва мақсадҳои бинобар таҳкими муносибатҳои бародарии байни ду мамлакат ва халқ пешбинишуда, тамоми саъю кӯшиши худро равона мекунад.
ӮзА.