Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 9 март ҳайати Бонки осиёии сармоягузории инфрасохториро таҳти сарварии президенти ин ниҳоди бонуфузи молиявӣ Сзин Литсюн ба ҳузур пазируфт.
Ҷанбаҳои амалии густариши минбаъдаи шарикии бисёрҷанба баррасӣ шуданд.
Сарвари давлатамон сатҳи баланди ҳамкориҳо бо бонкро, ки солҳои охир ба даст омадааст, бо қаноатмандӣ қайд кард.
Сандуқи ҳамкорӣ ба 2 миллиард доллар расид. Дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, тандурустӣ, кишоварзӣ ва хоҷагии коммуналӣ, дастгирии соҳибкорӣ лоиҳаҳои муҳим амалӣ мегарданд.
Президенти Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ Сзин Литсюн ба барномаи ислоҳоти бебозгашт дар Ӯзбекистони Нав баҳои баланд дода, омодагии худро барои дастгирии ҳамаҷониба изҳор намуд.
Пайравии бонк ба васеъ гардондани шарикии стратегӣ бо Ӯзбекистон бинобар чунин самтҳои муҳим, аз қабили мубориза бо камбизоатӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ, пеш аз ҳама дар деҳот, рушди энергетикаи офтобӣ, ҷорӣ намудани механизмҳои шарикии давлатию хусусӣ ва маблағгузории омехтаи лоиҳаҳо, тавсеаи дастгирии соҳибкорӣ ва ғайра қайд гардид.
Ба пешбурди лоиҳаҳои аз ҷиҳати стратегӣ муҳими инфрасохторӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Дар бораи таҳияи Барномаи нави миёнамӯҳлати шарикӣ ва “харитаи роҳ”, ки ба суръат бахшидан ба татбиқ ва таъмини самаранокии лоиҳаҳои васеъмиқёси ҳамкорӣ тавофуқ ҳосил шуд.