ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН САМТҲОИ ИСТИҚБОЛНОК ВА ЛОИҲАҲОИ ҲАМКОРИРО БО АМА БАРРАСӢ КАРД

Масъалаҳои рушди минбаъдаи шарикии бисёрҷанба, пеш бурдани лоиҳаҳои ҳамкории иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, роҳандозии ҳамкории амалӣ дар соҳаи мудофиа дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо ҳайати Аморати Муттаҳидаи Араб зери роҳбарии муовини Сарвазир, вазири дифоъ, Валиаҳди Аморати Дубай Шайх Ҳамдан бинни Муҳаммад ал-Мактум баррасӣ гардид.

Ба ҳайати Аморат вазирони оид ба кори ҳукумат Муҳаммад бинни Абдулло ал-Гергавӣ, энергетика ва инфрасохтор Суҳайл бинни Муҳаммад ал-Мазруӣ, иқтисодиёт Абдулло бинни Туқ ал-Маррӣ, вазири давлат оид ба масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва иқтисодиёти рақамӣ Умар бинни Султон ал-Олама шомиланд.
Дар оғози суҳбат Шайх Ҳамдан ал-Мактум ба роҳбари давлатамон барои пазироии гарм миннатдории самимона изҳор намуд ва беҳтарин паёмҳоро аз Президенти АМА Шайх Муҳаммад ал-Наҳайян ва Сарвазири мамлакат, Амири Дубай Шайх Муҳаммад ал-Мактум расонд.
Зимни мулоқот ба масъалаҳои ташаккул додани рӯзномаи нави дарозмуҳлати ҳамоиши ҳамкории муфиди тарафайн дар чунин самтҳои калидӣ, мисли сармоя, рушди инноватсионӣ, энергетикаи «сабз», инфрасохтор, маориф, тандурустӣ, экология, гузариши рақамӣ, сайёҳӣ ва ғайра эътибори алоҳида нигаронда шуд.
Ҷамъбасти анҷумани муштарак оид ба ифшо намудани зарфияти ҳамкории муфиди тарафайн, мулоқотҳои дуҷонибаи байниҳукуматӣ ва байниидоравие, ки ҳоло баргузор гардиданд, олӣ арзёбӣ гардиданд.
Қарордод дар бораи қабули «нақшаи роҳ» оид ба рушди ҳамкории доманфарох дар соҳаҳои стратегӣ ба даст омад.
Бояд таъкид кард, ки АМА яке аз шарикони калидии Ӯзбекистон дар минтақаи Осиё ба шумор меравад.
Алоқаҳои охирин дар дараҷаи олӣ дар доираи чорабиниҳои Анҷумани ҷаҳонии иқлим дар шаҳри Дубай моҳи декабри соли гузашта ба вуқӯъ пайваста буд. Табодули мол соли 2023 21 фоиз афзуда, 626 миллион долларро ташкил намуд. Дар мамлакатамон беш аз 320 корхона бо иштироки сармояи Аморат фаъолият дорад. Бастаи лоиҳаҳои сармоягузории татбиқшаванда ва оянда тақрибан 20 миллиард долларро ташкил менамояд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: