Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев сазовори Ҷоизаи байналхалқии «Барои саҳми бузург дар Эҳёи Олами турк» гардид, ки аз ҷониби Бунёди нависандагон, олимон ва арбобони санъати Олами турк (Tьrk Dьnyasэ Yazarlar ve Sanatзэlar Vakfэ – TЬRKSAV) таъсис шудааст.
Ин дар ҷараёни конфронси махсуси матбуоти TЬRKSAV, ки дар шаҳри Анқара ташкил шуд, эълон гардид.
Номи барандаи ҷоиза аз ҷониби комиссияи коллегалии ҳакамоти TЬRKSAV дар асоси мониторинг ва дар соли 2019-ум омӯхтани фаъолияти сиёсатмадорони номдор, иқтисоддонҳо, намояндагони илму санъат дар Туркия ва дар хориҷа эълон карда шуд.
Маросими супурдани рамзи махсуси ҷоизаи TЬRKSAV моҳи майи соли 2020-ум дар Анқара дар вазъи тантанавӣ бо иштироки намояндашони парлумон, ҳукумат, ҷомеаҳо, доираҳои корчаллон ва арбобони санъати Туркия баргузор мегардад.
Тавре ки дар конфронси матбуот эълон шуд, қарор бино бар супурдани ҷоизаи мазкур ба сарвари Ӯзбекистон бо қарори ҳакамоти Ҷоизаи ҳарсола «барои хидматҳои бузург ва саҳми муҳими амалӣ дар бобати хеле мустаҳкам намудани робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодии мамлакати худ бо олами беруна, Туркия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин барои ба дараҷаи назаррас ҷоннок намудани ҳамкориҳои тарафайн дар Шӯрои ҳамкории давлатҳои туркзабон, ташаббусҳои нав дар Созмони мазкур, аз ҷумла «Пойтахти маданияти Олами турк дар соли 2020-ум эълон шудани шаҳри Хива» якдилона қабул гардид.
Нотиқоне, ки дар конфронси матбуот баромад карданд, ба тағйироти амиқе, ки дар Ӯзбекистон таҳти сарварии Президент Шавкат Мирзиёев дар тамоми соҳаҳои ҳаёт амалӣ мешаванд, баҳои баланд дода, бахусус фаъолияти муттасили ислоҳгарии сарвари мамлакат, кори самарабахш ва сифатҳои шахсии ӯро, ки дар қатъият ва ғайратнокиаш ҳангоми татбиқ сохтани роҳи стратегии рушди рӯзафзуни Ӯзбекистон – давлати муҳими Олами турк, ташаккул додани шароити мусоиди дохилӣ ва хориҷӣ барои шукуфоии нафақат кишвар ва халқи худ, балки тамоми Осиёи Марказӣ инъикос мегарданд, таъкид намуданд.
Роҳбари TЬRKSAV Яҳё Энгин аз номи ҳозирон хоҳиш кард, ки ба роҳбари Ӯзбекистон «эҳтироми амиқ, табрикоти таҳтидилонаро ҳамчун нишони хоксорона, вале самимонаи эътироф шудани хидматҳои бемисл ва таърихии ӯ дар назди Ӯзбекистон, Осиёи Марказӣ, Туркия ва умуман Олами турк» расонда шавад.
Ҷоизаи байналхалқии «Барои саҳми бузург дар рушди Олами турк» ва «Барои саҳми бузург дар Эҳёи Олами турк» ташаббуси Бунёди ҷамъиятии нависандагон, олимон ва арбобони санъати Олами турк (TЬRKSAV) ба шумор меравад.
TЬRKSAV Созмони ғайриҳукуматӣ ба шумор меравад, ки соли 1996-ум бо ташаббуси як гурӯҳ намояндагони зиёии Туркия ҳамчун ташкилоти ҷамъиятӣ таъсис ёфта буд. Раиси ифтихории TЬRKSAV дар замони худ нависандаи дар тамоми олам машҳур Чингиз Айтматов ҳамчун яке аз намояндагони дурахшони олами турк интихоб шуда буд. Раиси Шӯрои раёсати TЬRKSAV шоири турк Яҳё Энгин ба шумор меравад.
Мақсади асосии ҷоизаи байналхалқии TЬRKSAV ҷалб намудани эътибори ҷамъият ба фаъолияти самарабахши шахсиятҳои машҳури Олами турк, арҷгузорӣ ва ҳусни эҳтиром ба саҳмашон дар мустаҳкам кардан ва инкишоф додани тамаддуни турк ба шумор меравад.
Солҳои гуногун Президенти Туркия С.Демирел, Президенти Озарбойҷон Г.Алиев, Президенти Қазоқистон Н.Назарбоев, котиби генералии ТЮРКСОЙ Д.Касейнев ва арбобони дигар, ки дар байни онҳо аъзои фаъоли парлумонҳо, соҳибкорон, ходимони санъат аз кишварҳои олами турк ҳастанд, сазовори ин ҷоиза гардидаанд.
ОИ «Дунё»,
шаҳри АНҚАРА.