16 январ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро, ки бо сафари расмӣ ба кишвари мо омадааст, пазируфт.
Дар оғози вохӯрӣ Президенти Ӯзбекистон бо қаноатмандии амиқ беҳтар шудани муносибатҳои дуҷонибаи шарикии стратегӣ ва тифоқиро қайд намуд.
Мулоқоти мунтазам дар сатҳи олӣ, хеле фаъол гардидани мубодилаи тарафайн ва вусъат пайдо кардани ҳамкориҳои бисёрҷанба, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои тиҷорату иқтисодиёт, сармояҳо, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, маданиву инсонпарварӣ, таълимӣ ва дигар самтҳои бартаринок аз ин шаҳодат медиҳанд.
Сергей Лавров ба сарвари давлати мо барои пазироии гарм миннатдорӣ баён кард ва салому паёмҳои самимии Президенти Федератсияи Русия Владимир Путинро расонид. Нақши муайянкунандаи сарони ду давлат бобати муваффақ шудан ба сатҳи кунунии муносибатҳои тарафайн махсус таъкид гардид.
Дар ҷараёни вохурӣ масъалаҳои рӯзмарраи муносибатҳои ӯзбекистониву русиягӣ баррасӣ шуданд, бинобар рӯзномаи байналхалқӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор ба амал омад.
Ба масъалаҳои омодагӣ ба вохӯриҳои пешистодаи дараҷаи олӣ дар соли равон эътибори махсус дода шуд.
ӮзА.