ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН СОБИҚ КОТИБИ ГЕНЕРАЛИИ СММ-РО ПАЗИРУФТ

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 17 ноябр собиқ Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид Пан Гӣ Мунро пазируфт, ки ҳоло ҳозир роҳбари Ассамблеяи институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи этикаи Кумитаи байналмилалии олимпӣ ба шумор меравад.

Пан Гӣ Мун ба мамлакати мо барои иштирок дар Анҷумани байналхалқӣ оид ба масъалаҳои беҳсозии вазъияти экологӣ дар минтақаи ҳавзаи Арал ва нақши ҷамъияти корейсҳо дар ин ҷараён, ки дар Нуқус баргузор гардид, омадааст.
Меҳмони олирутбаро гарм истиқбол намуда, роҳбари давлатамон хизмати бузурги ӯро дар бобати мустаҳкамсозии сулҳ ва субот, дарёфти Мақсадҳои рушди ҳазорсола ва аз он ҷумла бо роҳи муттаҳид намудани кӯшишоти ҷомеаи ҷаҳон дар бобати муқовимат бар зидди ситеза ва ангезаҳои ҷаҳонии имрӯз махсус таъкид намуд.
Ба саҳми шахсан Пан Гӣ Мун дар бобати васеъ ҷалб намудани эътибори аҳли ҷаҳон ба масъалаҳои бартарафсозии оқибатҳои номатлуби фоҷиаи Арал баҳои баланд дода шуд.
Дар вазифаи Котиби генералии СММ ӯ ташаббус ва пешниҳодоти Ӯзбекистон ва мамлакатҳои Осиёи Марказиро дар ҷиҳати беҳсозии вазъияти экологӣ дар ҳавзаи Арал фаъолона дастгирӣ менамуд.
Зимни суҳбат истиқболи рушди ҳамдастӣ бо институт ва ташкилотҳои байналхалқӣ дар бобати пеш бурдани лоиҳаҳои бартаринок дар минтақаи баҳри Арал баррасӣ гардид.
Инчунин дар заминаи васеъ намудани ҳамкории доманфарох ва мустаҳкамсозии шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Куриё табодули афкор ба амал омад. Саҳми ҷамъияти сершумори корейсҳои Ӯзбекистон дар амиқсозии дӯстӣ ва ҳусни тафоҳуми байни халқҳо ва мамлакатҳоямон бо қаноатмандӣ таъкид ёфт.
Пан Гӣ Мун ба роҳбари давлат барои пазироии гарм изҳори миннатдорӣ намуда, ба ислоҳоти васеъ ва бозсозиҳо, ки дар доираи Стратегияи тараққиёти то соли 2021, ки дар Ӯзбекистон қабул гардидааст ва комилан ба Мақсадҳои рушди суботноки СММ мувофиқ аст, баҳои баланд дод.
Кӯшишоти Ӯзбекистон дар доираи Барномаи давлатии рушди минтақаи ҳавзаи Арал дар солҳои 2018-2021 махсус таъкид гардид, ки ба куллан беҳсозии вазъияти иҷтимоиву иқтисодӣ дар минтақа, ҳалли мушкилоти экологӣ, рушди низоми тандурустӣ ва таълим, такомули инфрасохтор нигаронда шудааст.
Ташаббусҳои роҳбари давлат дар заминаи таъсиси Фонди Трасти шарикии бисёрҷониба дар бобати бехатарии инсон ва Маркази байналхалқии инноватсионии ҳавзаи Арал комилан дастгирӣ гардид.
Пан Гӣ Мун моилиро барои минбаъд низ фаъолона ҳамдастӣ намудан дар бобати мустаҳкамсозии муносибати шарикии  стратегии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Куриё, ҳамкории зичи босамар ба мақсади бартарафсозии оқибатҳои фоҷиаи Арал собит намуд.

ӮзА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: