Президенти Ӯзбекистон ташаббусҳоеро, ки ба дастгирии кишварҳои рӯ ба тараққӣ нигаронда шудаанд, ба миён гузошт

  • Президенти Ӯзбекистон ташаббусҳоеро, ки ба дастгирии кишварҳои рӯ ба тараққӣ  нигаронда шудаанд, ба миён гузошт
  • Президенти Ӯзбекистон ташаббусҳоеро, ки ба дастгирии кишварҳои рӯ ба тараққӣ  нигаронда шудаанд, ба миён гузошт
  • Президенти Ӯзбекистон ташаббусҳоеро, ки ба дастгирии кишварҳои рӯ ба тараққӣ  нигаронда шудаанд, ба миён гузошт
  • Президенти Ӯзбекистон ташаббусҳоеро, ки ба дастгирии кишварҳои рӯ ба тараққӣ  нигаронда шудаанд, ба миён гузошт
  • Президенти Ӯзбекистон ташаббусҳоеро, ки ба дастгирии кишварҳои рӯ ба тараққӣ  нигаронда шудаанд, ба миён гузошт
  • Президенти Ӯзбекистон ташаббусҳоеро, ки ба дастгирии кишварҳои рӯ ба тараққӣ  нигаронда шудаанд, ба миён гузошт

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 12 январ дар ҷамъомади умумии ҳамоиши "Садои Ҷануби ҷаҳонӣ", ки дар шакли онлайн таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди баргузор гардид, нутқ эрод кард.

Дар чорабинӣ, ки таҳти раёсати Ҳиндустон дар "Бистгонаи бузург" G20 баргузор шуд, инчунин Президенти Ҷумҳурии Ветнам Нгуен Суан Фук, Президенти Ҷумҳурии Гайана Муҳаммад Ирфаан Алӣ, Президенти Ҷумҳурии Мозамбик Филипе Нюси, Президенти Ҷумҳурии Сенегал Маки Салл, Сарвазири Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Шайх Ҳасина, Сарвазири Муғулистон Лувсаннамсрейн Оюун-Эрдэнэ, Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Прают Чан Оча, Сарвазири Шоҳигарии Камбоча Хун Сен ва Сарвазири Давлати Мустақили Папуаи Гвинеяи Нав Ҷеймс Марапе иштирок карданд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои рушди устувор, ки  ба манфиатҳои инсон нигаронда шудааст, мавриди баррасӣ қарор гирифта, оид ба амиқсозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба манзури мусоидат ба манфиатҳо ва ҳалли масъалаҳои мубрами кишварҳои рӯ ба тараққӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисод, экология, энергетика ва амнияти озуқаворӣ, тандурустӣ, рушди захираҳои инсонӣ, инноватсия, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳо мубодилаи афкор ба амал омад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар суханронии худ ба тамоюлҳои имрӯзаи рушди вазъияти байналмилалӣ баҳо дода, нуқтаи назарашро оид ба  вазифаҳои афзалиятноке, ки дар назди давлатҳои рӯ ба тараққӣ қарор доранд, баҳам дид.

– Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бо оқибатҳои манфии зиддиятҳо ва низоъҳои гуногун, бӯҳрони иқтисодӣ рӯ ба рӯ мегардад. Мо шоҳиди коҳиши муколамаи ошкоро ва эътимоди мутақобила дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳастем, – қайд кард роҳбари кишварамон.

Чӣ хеле ки раҳбари давлат таъкид кард, пандемияи  коронавирус, мушкилоти озуқаворӣ ва бехатарии энергетикӣ, экология ба пешомади рушди ҷаҳони таъсири манфӣ мерасонад.

Нақш ва мавқеи фаъолонаи Ҳиндустон дар мустаҳкам гардидани муносибатҳои ба ҳамдигар фоидабахш ва самарабахш бо мамлакатҳои тараққиёбанда таъкид гардид.

Дар ин замина изҳор гардид, ки солҳои охир муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳамкории амалии Ӯзбекистон ва Ҳиндустон ба сатҳи сифатан нав баромада, имрӯз ба манфиатҳои умумии халқҳоямон хизмат мекунанд.

Президент алоҳида таъкид намуд, ки дар Ўзбекистон мақсад ва вазифаи муҳимтарини сиёсати пешбурдаистодаи ислоҳоти бебозгашт таъмини манфиатҳои инсон муайян шудааст.

– Моҳияти Стратегияи ислоҳоти мо волоияти қонун ва рушди сармояи инсонӣ, бунёди ҷомеаи одилона ва тавонои шаҳрвандӣ мебошад. Дар назди мо вазифаи бузург гузошта шудааст, ки дар ояндаи наздик рушди фарогир ва устувори иқтисодиро таъмин кунем, сатҳи камбизоатӣ дар кишварро ду баробар коҳиш диҳем, – гуфт роҳбари давлат.

Президенти Ӯзбекистон аз раисии Ҳиндустон дар G20 ҷонибдорӣ намуда, дар рӯзномаи чорабинӣ як қатор пешниҳодҳои амалӣ ба миён гузошт.

Дар навбати аввал аҳамияти минбаъд такмил додани системаи савдои байналхалқӣ, ки бояд онро «Садои Ҷануби ҷаҳон» ба назар гирад, қайд карда шуд.

Барои ба амал баровардани иқтидори давлатҳои тараққиёбанда, ки дар вақти ворид шудан ба бозорҳои нав ҳанӯз ба монеаҳо ва маҳдудиятҳои гуногун дучор меоянд, шароит муҳайё кардан лозим аст.

Ба мақсад мувофиқ будани ворид намудани масъалаи таъмини амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ ба рўзномаи нишасти ҷаҳонӣ, ташаккули шабакаи логистикии ҷаҳонӣ ва занҷири арзиши иловагӣ, мусоидат ба ҷалби сармоягузорӣ ва технологияҳои пешрафта ба давлатҳои рў ба инкишоф зикр гардид.

Масъалаи дигари стратегӣ пешбурди лоиҳаи сохтмони роҳи оҳан тавассути Афғонистон ва ба уқёнуси Ҳинд, ки ба таҳкими ҳамбастагии байни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ нигаронида шудааст, дар доираи долони байналмилалии "Шимолу Ҷануб" мебошад. Роҳбари Ӯзбекистон шариконро ба иштироки фаъолона дар ин лоиҳаи муҳим даъват намуд.

Таҳлил ҳамчунин нишон медиҳад, ки дар шароити гузариш ба “иқтисодиёти сабз” миёни кишварҳои пешрафта ва рӯ ба тараққӣ тафовути технологӣ афзоиш меёбад. Дар робита ба ин пешниҳод шудааст, ки бо дастгирии кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон бонки иттилоотии технологияҳои сабз ва инноватсияҳо барои “Ҷануби ҷаҳонӣ” таъсис дода шавад.

Масъалаи дигари мубрам рушди сармояи инсонӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилоти касбӣ мебошад.

– Мо бояд ҷавонони соҳибистеъдодро ба таҳияи барномаҳои миллӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи тағйирёбии иқлим, истифодаи оқилонаи захираи об,  энергетикаи муқобил, рақамигардонӣ ва самтҳои дигари афзалиятнок васеъ ҷалб намоем, – қайд  намуд  Президент Шавкат Мирзиёев.

Дар ин замина ташаббуси таъсиси платформаи муколамаи доимии «Садои ҷавонони Ҷануб» ба миён гузошта шуд.

Ба мақсади таъмини дунёи глобалӣ ва бехатарӣ сарвари давлатамон  даъват намуд, ки пешниҳоди Ӯзбекистон дар бораи созмон додани Гурӯҳи байналмилалии музокирот оид ба мушкилоти Афғонистон дастгирӣ карда шавад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки пешниҳоду ташаббусҳои дар ин ҳамоиш таҳияшуда барои пешбурди манфиатҳои кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор, ки ба инсон нигаронида шудааст, хидмат хоҳанд кард.

Дар анҷоми суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мардуми дӯсти Ҳиндустонро ба муносибати ҷашни дарпешистодаи миллии ин кишвар – Рӯзи ҷумҳурӣ самимона табрик гуфт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: