Президенти Ӯзбекистон ва Амири Қатар ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаро ба сатҳи нав мебароранд

  • Президенти Ӯзбекистон ва Амири Қатар ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаро ба сатҳи нав мебароранд

Дар Маркази конгресси шаҳри Самарқанд музокироти байни Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Амири Давлати Қатар шайх Тамим бин Ҳамад Ол Сонӣ, ки дар кишвари мо бо сафари давлатӣ қарор дорад, баргузор гардид.

Ба масъалаҳои рушди минбаъдаи муколамаи сиёсӣ ва табодули фарҳангию башардӯстӣ, густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Дар оғози мулоқот Амири Қатар ба роҳбари давлати мо барои даъват, инчунин истиқболи гарму самимона нисбати ҳайати Қатар изҳори миннатдории самимӣ кард.

Таъкид гардид, ки нахустин сафари сатҳи олӣ дар таърихи муносибатҳои дипломатӣ марҳилаи нави ҳамкориҳои дуҷонибаро боз карда, имкон медиҳад, ки он ба сатҳи шарикии ҳамаҷониба бароварда шавад.

– Мо Қатарро натанҳо дар минтақаи Ховари Миёна, балки дар тамоми дунёи арабу мусулмон шарики умедбахши худ медонем. Ба туфайли робитаҳои мо бо шумо солҳои охир дар муносибатҳои дуҷониба пешравии воқеӣ ба амал омад, – таъкид намуд сарвари давлати мо.

Гуфта шуд, ки соли ҷорӣ дар Тошканд ифтитоҳ шудани сафорати Қатар дар пешбурди фаъолонаи ҳамкориҳои дуҷониба нақши муҳим бозид.

Ҷониби Қатар изҳори итминон кард, ки кушода шудани сафорати Ӯзбекистон дар Доха ба ин раванд такони қавӣ хоҳад бахшид.

Омодагӣ ба афзоиши чандкаратаи нишондиҳандаҳои тиҷорати дуҷониба, татбиқи амалии лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ва қарордодҳои тиҷоратӣ тасдиқ гардид.

Дар бораи иштироки ширкатҳои пешбари Қатар дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги сармоягузории арзиши умумиаш беш аз 12 миллиард доллар дар соҳаҳои энергетика, саноати газу кимё, кишоварзӣ, инфрасохтор, логистика, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳо созиш ҳосил шуд.

Барои дастгирии лоиҳаҳои пешомаднок пешниҳод шуд, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ  форуми сармоягузории Ӯзбекистону Қатар гузаронда, инчунин масъалаи фароҳам овардани механизмҳои маблағгузории лоиҳаҳои муштарак баррасӣ карда шавад.

Сарони давлатҳо муҳим будани ташаккули долонҳои кӯтоҳтарин, боэътимод ва бехатари нақлиётию логистикиро, ки Осиёи Марказиро бо кишварҳои Халиҷ мепайвандад, таъкид карданд.

Барои дастгирии ҳамаҷонибаи талошҳое, ки ба густариши табодули фарҳангӣ, маърифатӣ ва сайёҳӣ нигаронда шудаанд, аз ҷумла тавассути баргузории ҳафтаҳои муштараки фарҳангӣ, консертҳо, экспозитсияҳо, намоишгоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ ва ошпазӣ изҳори омодагӣ карда шуд. Зимнан зикр гардид, ки роҳандозии парвозҳои мунтазам байни пойтахтҳои ду кишвар ба густариши робитаҳои тиҷоратӣ ва афзоиши гардиши мутақобилаи сайёҳон мусоидат мекунад.

Инчунин оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт. Ҷонибҳо барпо намудани сиёсати прагматикиро нисбати Афғонистон пайравӣ намуданд. Аҳамияти дастгирии иқтисодиёти мамлакат ва расондани ёрии башардӯстона ба халқи афғон қайд гардид.

Дар ин ҷанба дурнамои пешбурди муштараки татбиқи лоиҳаҳои стратегӣ оид ба таъсиси долони роҳи оҳани Трансафғон баррасӣ шуд.

Дар охир шайх Тамим бин Ҳамад Ол Сонӣ сарвари давлатамонро ба сафари Қатар даъват кард.

Музокирот дар вазъияти конструктивӣ, кушод ва эътимод гузашт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: