ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН ВА НАХУСТИН ПРЕЗИДЕНТИ ҚАЗОҚИСТОН МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМИ ҲАМКОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 7 май бо Нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Элбошӣ Нурсултон Назарбоев мулоқоти телефонӣ анҷом дод.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Шавкат Мирзиёев 7 май бо Нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Элбошӣ Нурсултон Назарбоев мулоқоти телефонӣ анҷом дод.
Роҳбарон ба муносибати Рӯзи Ғалаба ва фарорасии иди муқаддаси Рамазон якдигарро гарму ҷӯшон табрик гуфта, ба ду халқи бародар аз таҳти дил сулҳ, фаровонӣ ва шукуфоӣ орзу карданд.
Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи Ӯзбекистон ва Қазоқистон баррасӣ шуданд, оид ба вазъи Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Динамикаи мусбати ҳамкорӣ, ки ба шарофати робитаҳои фаъолона ва пурсамари дуҷониба дар сатҳҳои гуногун таъмин карда мешавад, бо қаноатмандӣ қайд карда шуд.
Аз аввали соли равон муомилоти мол 28 фоиз афзуд. Моҳи гузашта сохтмони Маркази байналмилалии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар минтақаи наздимарзӣ оғоз ёфт.
Тайёрии муштарак ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ ва инфрасохторӣ, аз ҷумла сохтмони роҳҳои автомобилгард ва оҳани Учқудуқ – Қизилӯрда ва нақлиёти роҳҳои оҳани тезгарди Туркистон – Тошканд идома дорад.
Минтақаҳои ду кишвар ҳамкории зич доранд, барномаҳои муҳим дар соҳаи мубодилаи фарҳангию гуманитарӣ идома доранд.
Президенти Ӯзбекистон ва Элбошӣ аҳамияти минбаъдаи вусъат додани ҳамкориҳои ҳамаҷониба ва мутақобилан судмандро барои мустаҳкамсозии риштаҳои дӯстии чандинасра, ҳамсоягии нек, эътимод ва шарикии байни халқҳои бародарӣ ва кишварҳо таъкид карданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: