Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 19 июл Ноиб-президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сурено Сатториро пазируфт, ки дар мамлакатамон бо ташрифи корӣ ҳузур дорад.
Масъалаҳои минбаъд вусъат додани муносиботи бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Эрон баррасӣ гардиданд. Ба пеш бурдани лоиҳа ва барномаҳои муштарак дар соҳаҳои илм, инноватсия ва технология эътибори алоҳида нигаронда шуд.
Дар оғози гуфтугӯ Сурено Сатторӣ ба роҳбари давлатамон паёми самимӣ ва таманноҳои беҳтарини Президенти Эрон Иброҳим Раисиро тақдим намуд.
Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ фаъолгардии робитаҳои дуҷониба ва табодули тарафҳоро, ки дар солҳои охир ба назар мерасад, таъкид намуданд. Инчунин нишондодҳои савдо ва теъдоди лоиҳаҳои ҳамкорӣ меафзоянд. Соли гузашта табодули амвол 73 фоиз зиёд гардида, аз аввали соли ҷорӣ боз 22 фоизи дигар зиёд гардид.
Имконоти вусъат додани ҳамкории амалӣ дар соҳаи ба амал овардани тадқиқотҳои муштараки илмиву амалӣ, ҷалби сектори хусусӣ ба таъминоти молиявии корҳои пажӯҳишӣ ва ташаббусҳои венчур, дастгирии барномаҳои байни мактабҳои таълими олӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар ҷанбаи био ва нанотехнология, сектори IT, дорусозӣ ва соҳаҳои дигар таъкид гардиданд.
Дар бораи қабули «харитаи роҳ» доир ба татбиқи қарорҳои муштарак ва шартномаҳои имзошаванда, аз он ҷумла дар доираи анҷумани ояндаи инноватсия ва чорабиниҳои корчаллонии Ӯзбекистону Эрон аҳду паймон шуд.