Президенти Ӯзбекистон ва Президенти Қирғизистон аҳамияти вусъат додани ҳаҷми муомилоти молро таъкид карданд

Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров дар рафти мулоқоти телефонӣ, ки 1 май баргузор гардид, ба муносибати натиҷаҳои бомуваффақияти раъйпурсии конститутсионӣ ва мутобиқи меъёрҳои баланди байналмилалӣ ташкил намудани ин чорабинӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро табрик намуд.

Рушди босуръати муносибатҳои ҳамкориҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Қирғизистон ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ бо қаноатмандии амиқ қайд гардид.

Пешрафти воқеии лоиҳаҳои бузурги кооператсияи саноатӣ таъкид шуд.

Ифтитоҳи театри нави академии ба номи Бобур дар шаҳри Ўш ва баргузории спартакиадаи донишҷӯён дар шаҳри Қӯқанд дар наздикшавии ду халқи бародар рӯйдоди муҳим гардид.

Сарони давлатҳо дастур доданд, ки мулоқоти Муколамаи наслҳо бо ширкати бузургсолону ҷавонони ду кишвар бодиққат омода карда шаванд.

Ҳамчунин доир ба масъалаҳои ҳамкориҳои минтақавӣ, аз ҷумла омодагӣ ба ҳамоиши бисёрҷониба дар Қирғизистон дар авоили моҳи июни соли ҷорӣ табодули афкор сурат гирифт.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: