Президенти Ӯзбекистон ва Раиси Халқ маслаҳатии Туркманистон ҷонибдори минбаъд амиқсозии шарикии стратегӣ

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 7 феврал бо Пешвои миллии мардуми туркман ва Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Дар аввали суҳбат роҳбарон ба муносибати 30-солагии барқарор намудани муносибати дипломатии байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Туркманистон ҳамдигарро самимона ва бо орзуҳои гарм табрик намуданд. Раиси Халқ Маслаҳати инчунин аз номи Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов табрикоти самимиро расонд.

Махсус таъкид шуд, ки тамоми ин солҳо такя ба анъанаҳои неки дӯстӣ, некҳамсоягӣ ва боварӣ муносибати Ӯзбекистону Туркманистон муттасил инкишоф ёфт ва ҳоло ҳозир ба дараҷаи баландтарини шарикии стратегӣ баромад.

Дар ин рӯзи наҷиб, бо назардошти алоқаҳои анъанавии зич ва бародарона ва ба нишони эҳтироми ҳамдигар кумаки дӯстонаи тарафайн ба амал омад – аз Туркманистон ҳаҷми муайяни гази моеъ расид, ки дар навбати худ аз Ӯзбекистон автомобилҳои замонавии ёрии таъҷилӣ фиристода шуд.

Ғайр аз ин, ба қарибӣ чорабиниҳои тантанавӣ ва консертҳо дар пойтахтҳои ҳар ду мамлакат бо иштироки ҷамъияти васеъ, намояндагони ҷамъиятҳои миллӣ ва ҳайатҳои дипломатӣ баргузор гардиданд.

Афзудани табодули амвол ва шурӯи кори муштарак дар бобати ба вуҷуд овардани минтақаи савдои наздисарҳадии «Шавот – Дашоғуз» бо қаноатмандӣ таъкид шуд. Лоиҳаҳои муҳими ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, саноат, хоҷагии қишлоқ ва ғайра ба амал татбиқ мегардад. Ҳамкории босамар дар соҳаи идораи захираҳои об ва истеъмоли об, аз он ҷумла дар доираи комиссияи муштараки дарамали хоҷагии об идома дорад.

Барномаҳои таълимӣ ва табодули маданиву гуманитарӣ, аз он ҷумла байни минтақаҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон фаъолона татбиқ мегарданд.

Имконоти минбаъд амиқсозии ҳамкории муфиди тарафайн ва якҷоя пеш бурдани лоиҳаҳои стратегии молики аҳамияти минтақавӣ таъкид гардид.

Инчунин доир ба мавзӯъҳои муҳими байналхалқӣ табодули афкор ба вуқӯъ пайваст.

Суҳбати телефонӣ дар фазои анъанавии шаффоф, самимӣ ва дӯстона ба амал омад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: