Имрӯз, 21 ноябр дар шаҳри Париж Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар доираи сафари расмӣ ба Фаронса директори генералии Агентии рушди Фаронса Реми Риуро ба ҳузур пазируфт.
Масъалаҳои минбаъд ҳам вусъат додани ҳамкории байни Ӯзбекистон ва Агентии рушди Фаронса, инчунин бо лоиҳаҳои нави пешомаднок ғанӣ гардондани он баррасӣ гардиданд.
Сатҳи баланди ҳамкориҳои ба наздикӣ ба даст омада бо қаноатмандӣ қайд карда шуд. Портфели лоиҳаҳои муштарак ба 1 миллиард евро расид. Имрӯзҳо бо иштироки Агентӣ барномаҳои муҳими рушди инфрасохтор, бахшҳои иқтисодиёт ва соҳаи иҷтимоӣ амалӣ мешаванд.
Сарвари Агентии рушди Фаронса натиҷаҳои таъсирбахши барномаи ислоҳот дар Ӯзбекистони Навро қайд намуда, ба динамикаи кунунӣ ва имконоти ҳамкориҳо баҳои баланд дод.
Дар рафти мулоқот ба масъалаҳои амиқсозии шарикии амалӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз қабили ҷорӣ намудани механизмҳои самарабахши шарикии давлатию хусусӣ, пеш аз ҳама дар соҳаҳои таълим, тандурустӣ ва инфрасохтор, густариши дастгирии лоиҳаҳои иқтисодиёти «сабз» дар соҳаи нақлиёт ва энергетика, дастгирии маҷмӯи агросаноатӣ, пешбурди лоиҳаҳо оид ба таълим ва маблағгузории соҳибкории занон ва ҷавонон таваҷҷуҳи махсус дода шуд.
Аҳамияти истифодаи фаъолонаи механизмҳои маблағгузории омехтаи лоиҳаҳо, аз ҷумла бо иштироки сармояҳои мустақими ширкатҳои фаронсавӣ таъкид гардид.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои татбиқи тамоми созишҳои ҳосилшуда "харитаи роҳ" омода кунанд.
Дар хотимаи мулоқот маросими ба имзо расондани Барномаи нави ҳамкории стратегӣ то соли 2025 ба маблағи беш аз 1 миллиард евро, ки он лоиҳаҳои дақиқи муштаракро дар соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика, иқтисодиёти “сабз”, рушди шаҳр, таъминоти об, бахши бонку молия ва нақлиёт пешбинӣ менамояд, ба амал омад.