Дар доираи чорабиниҳои Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 24 март президенти Бонки осиёии рушд Масатсугу Асакаваро қабул кард.
Дар оғози вохӯрӣ роҳбари бонк Сарвари Ӯзбекистонро ба муносибати баргузории бомуваффақияти Форуми сармоягузорӣ, ки роҳбарони ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ва намояндагони соҳибкоронро гирд овардааст, самимона табрик гуфт.
Масъалаҳои мубрам ва самтҳои пешомадноки амиқгардонии минбаъдаи шарикии Ўзбекистон ва Бонки осиёии рушд баррасӣ гардиданд.
Сарвари давлатамон президенти Бонки осиёии рушдро ба муносибати дубора ба мӯҳлати дигар интихоб шуданаш самимона табрик намуда, барои мусоидат дар пешбурди барномаи ислоҳот дар Ӯзбекистони Нав, аз ҷумла дар рафъи оқибатҳои пандемияи коронавирус изҳори миннатдории махсус намуд.
Рушди босуръати муносибатҳои дуҷониба бо қаноатмандӣ қайд карда шуд. Сандуқи лоиҳа дар солҳои охир ду баробар афзуда, ҳоло аз 9 миллиард доллар гузашт. Суръати азхудкунии сармоягузориҳо дар чаҳорчӯби лоиҳаҳои муштарак низ ду баробар афзоиш ёфтааст.
Ба кумаки техникии аз ҷониби Бонк ба ислоҳоти бебозгашт дар кишварамон, аз ҷумла дар соҳаи таъмини суботи макроиқтисодӣ, бахши молиявӣ, таҷдиди энергетика, нақлиёт ва инфрасохтор, кушодани иқтидори сармояи инсонӣ расондашуда баҳои баланд дода шуд.
Дар вохӯрӣ ба тайёр кардани барномаи нави ҳамкории васеъмиқёс байни Ӯзбекистон ва БОР эътибори алоҳида дода шуд.
Ба сифати самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ тезондани ҷорӣ намудани иқтисодиёти “сабз”, таҳияи механизмҳои маблағгузории омехтаи лоиҳаҳо, тавсеаи барномаҳои маблағгузории соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории занон ва ҷавонон, ҷорӣ намудани механизмҳои самарабахши шарикии давлатию хусусӣ, дастгирии лоиҳаҳо дар соҳаи маориф ва тандурустӣ муайян шуданд.
Дар бораи қабули “харитаи роҳ”-и муштарак оид ба пешбурди самтҳои устувори шарикии стратегии Ўзбекистон ва Бонки осиёии рушд тавофуқ ҳосил шуд.