Президенти Ӯзбекистон ва Сарвазири Венгрия аҳамияти рушди шарикии ҳамаҷонибаро таъкид карданд

  • Президенти Ӯзбекистон ва Сарвазири Венгрия аҳамияти рушди шарикии ҳамаҷонибаро таъкид карданд

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 16 март дар чаҳорчӯби барномаи рӯзи асосии нишасти ғайринавбатии Созмони давлатҳои туркӣ бо Сарвазири Венгрия Виктор Орбан мулоқот анҷом дод.

Сарвари давлати мо дар оғоз Сарвазир ва мардуми дӯсти Венгрияро бо ҷашни миллӣ – Рӯзи инқилоби Венгрия самимона табрик гуфт.

Рушди босуръати муносибатҳои дуҷонибаи шарикии стратегӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанба бо қаноатмандии амиқ қайд карда шуд.

Масъалаҳои дастгирӣ ва суръат бахшидан ба лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ бо иштироки ширкатҳои бонуфузи ду кишвар баррасӣ шуданд.

Ба роҳандозии парвозҳои ҳавоии мустақим ва бунёди майдони истеҳсолӣ барои ҳамкории самарабахши корхонаҳои Ӯзбекистон ва Венгрия таваҷҷуҳи махсус дода шуд.

Инчунин аз рӯи рӯзномаи муҳими байналхалқӣ мубодилаи афкор барпо гардид.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: