Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 19 июл ҳайати Бонки ҷаҳониро зери сарпарастии ноиб-президент дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллерро қабул кард.
Меҳмонро хайрамақдам гуфта, роҳбари давлат бо қаноатмандии том дараҷаи ноилгаштаи ҳамкории дарозмуддат ва муфиди тарафайни байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Бонки ҷаҳониро таъкид кард.
Имрӯз бонк ислоҳоти сохториро дар мамлакатамон дар ҷанбаҳои муҳим дастгирӣ менамояд ва бевосита иштирок дорад.
18 июли соли ҷорӣ дар Тошканд ҷамъомади якуми Шӯрои иқтисодӣ ва «мизи мудаввар» доир ба ислоҳоти соҳаи энергетика бомуваффақият баргузор гардид, ки дар ҷараёни он самтҳои асосии ҳамкорӣ, барномаҳои мушаххас ва лоиҳаҳои истиқболноки ҳамкорӣ якҷоя муайян карда шуданд.
Ҳоли ҳозир маҷмӯи умумии лоиҳаҳои татбиқгардида ва татбиқгарданда дар мамлакатамон аз 5, 2 миллиард доллар зиёд аст. Танҳо аз аввали соли ҷорӣ Бонки ҷаҳонӣ қарзҳои навро дар ҳаҷми беш аз 850 миллион доллар тасдиқ кард, ки чунин самтҳоро мисли рушди соҳибкорӣ, таълими томактабӣ, бошуғлфарогирии аҳолӣ ва ғайраро дарбар мегирад.
Инчунин лоиҳаҳо дар соҳаҳои такомули хоҷагии қишлоқ ва инфрасохтори коммуналӣ, таъмини якҷояи молиявии барномаи «Деҳаи обод», инкишофи иқтисодиёти рақамӣ таҳия мегарданд.
Зимни гуфтугӯ масъалаҳои муҳими васеъ намудани шарикии байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардиданд.
Ба масъалаҳои ислоҳоти соҳаи бонку молия ва корхонаҳои давлатӣ, пеш бурдани таълим, соҳибкорӣ ва хоҷагии қишлоқ, инчунин татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтор ба шарти давлативу шарикии хусусӣ эътибори алоҳида нигаронда шуд.
Сирил Мюллер ба роҳбари давлат барои пазироии гарм миннатдории самимӣ изҳор намуд ва паём ва таманноҳои беҳтарини президенти Бонки ҷаҳонӣ Дэвид Мэлпассро расонд.
Таъкид гардид, ки бонк динамика ва натиҷа бахшиҳои ислоҳоти сохтории ҷории мамлакатамонро дар ҷанбаҳои муҳим олӣ арзёбӣ менамояд.
Сирил Мюллер бори дигар қатъияти моилии Бонки ҷаҳониро барои васеъ намудани ҳамкории гуногунҷанба бо Ҷӯмҳурии Ӯзбекистон бо мақсади рушди устувори мамлакатамон ва тамоми минтақа собит намуд.
ӮзА.