ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН ҲАЙАТИ ИМА-РО ПАЗИРУФТ

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 14 май ҳайатеро бо сарпарастии губернатори штати Миссисипӣ Филипп Брайант пазируфт.

Дар таркиби ҳайати амрикоие, ки ба мамлакати мо омадааст, намояндагони маъмурият, ташкилотҳои маъруф, ширкатҳои штати Миссисипӣ дар соҳаҳои савдо, инноватсия, саноат, хоҷагии қишлоқ ва таълим ҳастанд.
Роҳбари давлат меҳмононро хайрамақдам гуфта, махсус таъкид кард, ки ташриф далолати гуфтугӯи доимӣ ва муносибати муттасил рушдёбандаи гуногунҷанба дар доираи марҳалаи нави шарикии стратегии байни Ӯзбекистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба шумор меравад.
Дар навбати худ губернатор Ф.Брайант барои пазироии гарм изҳори миннатдорӣ намуда, ба Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев паём ва беҳтарин таманноҳои Президенти ИМА Доналд Трампро расонд.
Зимни суҳбат фаъолнокии назарраси робитаҳо дар дараҷаҳои гуногун, инкишофи дукаратаи ҳаҷми савдои тарафайн, татбиқи бомуваффақияти барнома ва лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ дар ҷанбаҳои сармоягузорӣ, маҷмӯи кишоварзӣ, саноат, нақлиёт, сайёҳӣ, табодули инсонпарварӣ бо қаноатмандӣ таъкид гардид.
Масъалаҳои вусъат додани ҳамкории амалии байни Ӯзбекистон ва штати Миссисипӣ дақиқан баррасӣ гардиданд. Ба пеш бурдани лоиҳаҳои истиқболнок дар хоҷагии қишлоқ, соҳаҳои биотехнология ва агрохимия, растанипарварӣ, чорводорӣ ва моҳипарварӣ, соҳаи бофандагӣ ва ҷиҳати логистика, пеш аз ҳама бо роҳи ба вуҷуд овардани кластерҳои замонавӣ ва иқтидорҳои истеҳсолӣ дар асоси татбиқи технология ва дониши пешқадами амрикоӣ эътибори алоҳида нигаронда шуд.
Аҳду паймон дар бораи роҳандозии фаъолияти комиссияи дуҷониба дар заминаи омодагӣ ва татбиқи лоиҳа ва барномаҳои мушаххас ба вуҷуд омад.
Инчунин таъкид гардид, ки бизнес-форум бо иштироки ҷонибҳои Ӯзбекистон –Амрико – Канада, ки бо иштироки беш аз 40 ширкати ИМА ва Канада 16-17 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Навоӣ баргузор мегардад, имкон медиҳад, ки алоқаҳои шарикии дарозмуддати байни доираҳои корчаллон роҳандозӣ гардад.
Аъзои ҳайати амрикоӣ ба натиҷабахшии ислоҳоти ҷории Ӯзбекистон дар марҳалаи сифатан нав, ки тамоми соҳа ва самтҳоро фаро мегирад, баҳои баланд доданд. Омодагии фаъолсозии робитаҳои байниидоравӣ ва дастгирии ташаббусҳои муштарак изҳор гардид.
Дар поёни мулоқот моилии ҷонибҳо барои минбаъд мустаҳкамсозии муносибати дӯстона ва шарикии стратегӣ ва ҳамчунин рушди ҳамкории фарогир байни Ӯзбекистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико собит гардид.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: