22 ноябр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳайати Италияро зери сарпарастии губернатори минтақаи Ломбардия Аттилио Фонтана, ки ба мамлакатамон ташриф овардааст, қабул кард.
Дар вохӯрӣ истиқболи инкишофи муносиботи бисёрҷанбаи байни Ӯзбекистон ва Италия, аз он ҷумла васеъ намудани ҳамкории амалӣ бо минтақаи Ломбардия, ки яке аз марказҳои пешқадами саноатӣ, интеллектуалӣ ва мадании Италия ва Иттиҳоди Аврупо ба шумор меравад, баррасӣ гардид.
Аҳамияти роҳандозии робита ва табодули муттасили корӣ, ба амал татбиқ намудани барнома ва лоиҳаҳои муштарак бо ширкат ва ташкилотҳои Италия дар соҳаҳои савдо, сармоягузорӣ, технологияи саноатӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ ва сайёҳӣ таъкид ёфт.
Ба ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои маъруфи Ломбардия дар ҷиҳати тарбияи мутахассисони баландмалака, пеш аз ҳама ихтисосҳои муҳандисӣ, эътибори алоҳида нигаронда шуд.
Дар бораи қабул намудани «харитаи роҳ» доир ба васеъ намудани ҳамкории муфиди тарафайн байни мамлакатамон ва минтақаҳои Италия дар доираи омодагӣ ба чорабиниҳои дуҷониба дар дараҷаи баланд аҳду паймон ба вуҷуд омад.
ӮзА.