ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН ҲАЙАТИ ҶМЧ-РО ПАЗИРУФТ

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 2 март ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чинро бо сарварии узви Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Чин, роҳбари Идораи Комиссияи оид ба корҳои хориҷӣ Ян Сзечи, ки бо сафари корӣ ба кишвари мо омада буд, қабул кард.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 2 март ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чинро бо сарварии узви Бюрои  сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Чин, роҳбари Идораи Комиссияи оид ба корҳои хориҷӣ Ян Сзечи, ки бо сафари корӣ ба кишвари мо омада буд, қабул кард. 
Тавре ки роҳбари давлати мо таъкид сохт, алҳол Ӯзбекистон ва Чинро муносибатҳои дӯстона ва шарикии бисёрҷанбаи стратегӣ мустаҳкам пайванд менамоянд.
Вохӯриҳои мунтазами сарони ду мамлакат имкон доданд ҳамкориҳои дуҷониба ба дараҷаи сифатан нав бардошта шуда, бо мазмуну муҳтавои мушаххас саршор гарданд. 
Ба шарофати саъю кӯшишҳои муштарак афзоиши муттасили ҳаҷми мубодилаи тарафайни мол мушоҳида мегардад. Дар Ӯзбекистон бо иштироки ширкатҳои машҳур ва идораҳои молиявии Чин лоиҳаҳои бузурги сармоявӣ татбиқ мешаванд. Табодули маданиву башардӯстӣ тавсиа меёбанд.
Меҳмони олиқадр барои пазироии гарм миннатдории самимӣ баён карда, номаи шахсии Раиси ҶМЧ Си Сзинпинро, ки ба Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ирсол намудааст, супурд. Дар нома қаноатмандии амиқ нисбати дараҷаи баланди ҳамкориҳои дуҷониба, ки тӯли солҳои охир ба даст омадаанд, зикр мегардад, ҳамчунин барои дастгирӣ дар мубориза бо намуди нави коронавируси паҳншуда миннатдорӣ изҳор карда мешавад. 
Дар мулоқот масъалаҳои рӯзмарраи шарикии бисёрҷанбаи ӯзбекистониву чиноӣ баррасӣ шуданд. 
Ба зарурияти идома додани тайёрии муштарак ва татбиқ намудани лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаҳои энергетика, нафту газ, кимиё, ҷанбаҳои бофандагӣ, аграрӣ ва соҳаҳои дигари иқтисодиёт, доир ба бозсозии инфрасохтор дар Ӯзбекистон эътибори махсус дода шуд. 
Бинобар масъалаҳои рӯзмарраи рӯзномаи байналхалқӣ ва минтақавӣ, амиқсозии мулоқоти судманд дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, СҲШ ва сохторҳои дигар, ҳамчунин ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи пешбурди ташаббуси «Як минтақа, як роҳ» мубодилаи афкор ба миён омад.

ӮзА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: