ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН ҲАЙАТИ ШИРКАТИ «РЕНЕССАНС ХОЛДИНГ»-И ТУРКИЯРО ҚАБУЛ КАРД

9 март Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳайати ширкати машҳури инжинирингӣ ва сохтмони Туркия «Ренессанс Холдинг»-ро бо сарварии президенти он Эрман Илижак пазируфт.

9 март Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳайати ширкати машҳури инжинирингӣ ва сохтмони Туркия «Ренессанс Холдинг»-ро бо сарварии президенти он Эрман Илижак пазируфт.


Вохӯрӣ давоми мантиқии гуфтушунидҳои ӯзбекистониву туркиягӣ дар сатҳи олӣ гардид, ки моҳи гузашта дар Анқара баргузор шуда буд. 
Алҳол «Ренессанс Холдинг» бобати дар кишвари мо татбиқ сохтани лоиҳаҳои азими сармоягузории арзиши умумиашон беш аз 2 миллиард доллар фаъол аст.
Аз ҷумла, дар пойгоҳи корхонаҳои пешбари металлургии вилояти Тошканд лоиҳаи бунёд кардани фабрикаи ҳозиразамони мистозакунӣ бо иқтидори лоиҳавии соле 60 миллион тонна ва истеҳсоли маҷмӯъ бинобар истихроҷи прокати филизотии иқтидораш то 1 миллион тонна тайёрӣ дида мешавад.
Дар мулоқот масъалаҳои тезондани кори амалӣ дар доираи лоиҳаҳои мазкур муҳокима гардиданд. 
Ҳамчунин муаррифии таклифҳои лоиҳавии ширкати туркӣ бобати аввал дар Тошканд, баъдан дар Самарқанду Фарғона бунёд кардани беморхонаҳои серсоҳа дар пояи ҷалби таҷрибаи пешқадами байналхалқӣ ва технологияҳои нав гузаронида шуд.
Лоиҳаҳои мазкур дар асоси шарикии давлативу хусусӣ, ҳамчунин бо иштироки шарикони туркиягӣ дар идоракунии беморхонаҳо ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси тиббӣ татбиқ карда мешаванд.
Ғайр аз ин, имкониятҳои ҳамкорӣ оид ба таҷдиди  иншооти муҳими иҷтимоӣ, кооператсия дар соҳаҳои инжиниригӣ, тарроҳӣ ва сохтмон баррасӣ гардиданд.

ӮзА.       

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: