Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев аз ёдгориҳои таърихии маҷмааи Ичан-қалъа дидан кард.
Хусусияти намоёни Ичан-калъа дар он аст, ки дар он на танҳо зиёда аз 120 ёдгории меъморӣ мавҷуд аст, балки қисми зиндаи аҳолинишини шаҳр низ нигоҳ дошта шудааст. Аз ин рӯ, шаҳр музейи таҳти боми кушод номида мешавад.
Хива 12 декабри соли 1990 ба Феҳристи мероси фарҳангии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил карда шуд. Соли 1997 шаҳр 2500-солагии худро ҷашн гирифт. Соли 2020 аз ҷониби созмони байналмилалӣ пойтахти фарҳангии дунёи туркӣ эълон шудааст.
Сарони давлатҳо аз дарвозаи асосии Ота-дарваза вориди маҷмаа шуда, аз қасрҳои Кӯк-минор, Кӯҳна-арк ва Тошҳовли дидан карданд. Дар мақбараи Паҳлавон Маҳмуд ва масҷиди Ҷумъа сураҳо аз Қуръон ва дуъо хонда шуданд.
Маълумот дар бораи таърихи Хоразм, саҳми он дар инкишофи илм, маданияту санъати бои минтақа дар меҳмонон таассуроти фаромӯшнашаванда гузошт.
Бо ҳамин сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба кишвари мо анҷом ёфт.