Президентҳо ба корхонаи қолинбофии Қайроққум ташриф оварданд

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо ҳамроҳии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз корхонаи "Қолинҳои Қайроққум" дидан кард.

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо ҳамроҳии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз корхонаи "Қолинҳои Қайроққум" дидан кард.

Фабрикаи қолинҳо дар соли 1957 ба истифода дода шудааст. Соли 2019 корхона азнавсозӣ шуда, дар ин ҷо таҷҳизоти технологии Олмон, Италия, Ҷопон, Чин ва дигар кишварҳо ҷорӣ карда шуд. Имрӯз он қодир аст дар як сол 3 миллион метри мураббаъ маҳсулот истеҳсол кунад.

"Қолинҳои Қайроққум" бо зебоӣ ва ороиши худ, ки анъанаҳои Шарқро инъикос мекунанд, машҳуранд. Ширкат барои сифати баланди маҳсулоташ бо мукофотҳои мухталифи байналмилалӣ мукофотонида шудааст.

Президент маҳсулоти корхонаро аз назар гузаронд.

Дар роҳ ба сӯи объекти навбатӣ корвони мошинҳои раҳбарони ду кишвар дар обанбори Қайроққум истоданд. Президентҳо обанборро аз назар гузарониданд ва сӯҳбати кӯтоҳ анҷом доданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: