Президентҳои Ўзбекистон ва Белорус масъалаҳои мубрами ҳамкории амалиро баррасӣ намуданд

Дар мулоқоти телефонии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко, ки 4 май доир гардид, масъалаҳои суръат бахшидан ба лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ ва таъмини динамикаи муносибатҳои тиҷоратӣ баррасӣ шуданд.

Дар оғози сӯҳбат Президенти Белорус самимона бо баргузории раъйпурсӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки 30 апрели соли равон баргузор шуд, табрик гуфт.

Президентҳо бо қаноатмандӣ рушди пайвастаи ҳамкории Ӯзбекистону Белорусро таъкид намуданд.

Дар доираи таҷлили 30-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ як қатор чорабиниҳои дуҷониба баргузор мешаванд. Ҳаҷми муомилоти моли байниҳамдигарӣ ва шумораи корхонахои муштарак меафзояд.

Дар асоси «харитаи роҳ»-и қабулшуда ба масъалаҳои сари вақт татбиқ намудани лоиҳаҳои муштараки кооператсияи саноатӣ дар соҳаҳои машинасозӣ, дорусозӣ, хоҷагии қишлоқ, электротехника ва дигар соҳаҳои саноат диққати махсус дода шуд.

Барои тезонидани онҳо аҳамияти баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ ва идомаи табодули фаъоли байниминтақавӣ қайд карда шуд.  

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: