Президентҳои Ўзбекистон ва Русия пайравиашонро ба минбаъд вусъат додани ҳамкории гуногунсоҳа тасдиқ карданд

  • Президентҳои Ўзбекистон ва Русия пайравиашонро ба минбаъд вусъат додани ҳамкории гуногунсоҳа тасдиқ карданд
  • Президентҳои Ўзбекистон ва Русия пайравиашонро ба минбаъд вусъат додани ҳамкории гуногунсоҳа тасдиқ карданд
  • Президентҳои Ўзбекистон ва Русия пайравиашонро ба минбаъд вусъат додани ҳамкории гуногунсоҳа тасдиқ карданд
  • Президентҳои Ўзбекистон ва Русия пайравиашонро ба минбаъд вусъат додани ҳамкории гуногунсоҳа тасдиқ карданд

Дар қароргоҳи “Кўксарой” мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар ҳайати маҳдуд баргузор шуд.

Сарвари давлатамон дар оғози сӯҳбат меҳмони олиқадрро самимона хайра мақдам гуфта, махсусан қайд кард, ки Президенти Русия пас аз дубора интихоб шуданаш ба Ӯзбекистон яке аз аввалин сафарҳои хориҷии худро анҷом дода истодааст.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои рушди минбаъда ва амиқсозии муносибатҳои ҳамаҷонибаи шарикии стратегӣ ва иттифоқии Ӯзбекистону Русия баррасӣ шуданд.

Таъкид гардид, ки дар доираи омодагӣ ба сафари имрӯза дар Тошканд мулоқотҳои вакилони парлумон, машваратҳои сиёсӣ, намоишгоҳи «Иннопром», конфронсҳои ректорони донишгоҳҳои пешрафтаи муҳандисӣ-техникӣ ва роҳбарони муассисаҳои тиббии бонуфузи ду кишвар пурсамар баргузор гардида, чорабиниҳои Ҳафтаи санъати рус давом дорад.

Динамикаи рӯзафзуни ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо қаноатмандӣ қайд карда шуд. Ҳаҷми гардиши мол ва сармоягузории Русия дар Ӯзбекистон афзоиш ёфта, кооператсияи саноатӣ инкишоф меёбад. Портфели лоиҳаҳои муштарак 45 миллиард долларро ташкил дод.

Дар бораи роҳандозии Платформаи муштараки сармоягузорӣ ҷиҳати дастгирии лоиҳаҳои муштараки корхонаҳои пешқадам тавофуқ ҳосил шуд.

Президентҳо аҳамияти рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байниминтақавиро изҳор доштанд.

Имрӯз таҳти раёсати сарони ду кишвар ҷаласаи нахустини Шӯрои минтақаҳои Ӯзбекистон ва Русия баргузор шуд. Сарони давлатҳо ҳамчунин масъалаҳои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар бахшҳои энергетика, аз ҷумла, ҳастаӣ, кишоварзӣ, инноватсия, муҳоҷират, амният ва ғайра мавриди баррасӣ қарор доданд. Ба инкишофи мубодилаи гуногуни маданию башардӯстӣ баҳои баланд дода шуд. Дар ҷараёни сафар Барномаи ҳамкориҳои фарҳангӣ қабул карда мешавад.

Ба ҳамкорӣ дар соҳаи таълим ва тайёр кардани кадрҳои муҳандисӣ диққати махсус дода шуд. Дар бораи кушодани филиалҳои Донишгоҳи техникии Маскав ба номи Бауман ва Академияи умумироссиягии савдои хориҷӣ дар Ӯзбекистон созишҳо ба даст оварда шуданд.

Сарони давлатҳо ҳамчунин доир ба масъалаҳои минтақавӣ ва байналмиллалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: