Президентҳои Ўзбекистон ва Туркия масъалаҳои минбаъд васеъ гардондани ҳамкории гуногунҷанбаро муҳокима карданд

  • Президентҳои Ўзбекистон ва Туркия масъалаҳои минбаъд васеъ гардондани ҳамкории гуногунҷанбаро муҳокима карданд

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 15 март ба Анқара омада, бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Таййип Эрдоған мулоқот анҷом дод.

Сарвари давлатамон шахсан ба роҳбари Туркия ба муносибати оқибатҳои заминларзаи харобиоваре, ки моҳи гузашта дар вилоятҳои ҷанубу шарқии ин кишвар рух доданд, таслияти амиқ баён кард. Изҳор карда шуд, ки чораҳо оид ба барқарор намудани музофотҳои зарардида ва сохтани инфрасохтори нав пурра дастгирӣ карда мешавад.

Президенти Туркия, дар навбати худ, бори дигар ба Президент ва мардуми Ӯзбекистон барои кумаки бародарона дар рафъи оқибатҳои офати табиӣ, иштироки фаъолона дар амалиёти наҷот ва расонидани кумакҳои башардӯстона ба осебдидагон изҳори сипос кард.

Изҳори итминон карда шуд, ки нишасти фавқулодаи Созмони кишварҳои туркӣ, ки 16 март баргузор мешавад, зуҳури равшани ҳамбастагӣ ва равобити бародаронаи кишварҳои узви ин созмон хоҳад гардид.

Дар мулоқот динамикаи рушди муносибатҳои ҳамаҷонибаи шарикии стратегии Ӯзбекистону Туркия бо қаноатмандӣ таъкид гардид.

Ҳаҷми муомилоти моли байниҳамдигарӣ меафзояд, соли гузашта 370 корхонаи нав ба кор андохта шуд. Дар шаш соли охир ҳаҷми сармоягузории Туркия ба иқтисодиёти Ӯзбекистон беш аз 3,5 миллиард долларро ташкил дод.

Дар соҳаҳои энергетика, саноат, хоҷагии қишлоқ, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ, саноати сабук ва ғайра лоиҳаҳои калон ба амал бароварда мешаванд.

Ҳамчунин ҷадвали чорабиниҳои дарпешистода дар сатҳи олӣ, аз ҷумла масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамкориҳои стратегӣ баррасӣ шуд.

Мулоқоти сарони давлатҳо дар фазои анъанавии кушода, эътимод ва дӯстона гузашт.

Дар ҷамъбаст Ноиби Президенти Ҷумҳурии Туркия Фуат Актай барои саҳми бузургаш дар рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои гуногунҷанбаи мутақобилан судманди Ӯзбекистон ва Туркия бо ордени «Дӯстӣ» мукофотонида шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: