Имрӯз Шавкат Мирзиёев ва Қосим-Жомарт Тоқаев ба эспозитсия дар доираи намоишгоҳ бахшида ба мероси шоири бузурги қазоқ ва муттафаккир – Абай Кунанбоев ташриф оварданд.
Эҷодиёти Абай энсиклопедияи ҳақиқии ҳаёт, меҳнат ва орзую умеди халқи қазоқ мебошад. Мувофиқи асарҳои шоирона, афоризмҳои хирадмандона ва мулоҳизаҳои ӯ, ки дар китоби нодири таълимоти «Гаклия» гирд оварда шудаанд, дар бораи ҳаёти дашти қазоқ дар даҳсолаҳои охири асри XIX тасаввуроти равшан пайдо кардан мумкин аст.
Роҳбарони Ўзбекистон ва Қозоғистон бо айёниятҳои беназири фондҳои музейҳои Қазоқистон, ҳуҷҷатҳои таърихӣ, суратҳо, китобҳо, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Абай Кунанбоев бахшида шудааст, шинос шуданд. Махсусан, думбураи сетордор — тумори Абай, туппии Кунанбой, дастхатҳои шоир, суратҳои боқмондаи Абай ва оилаи ӯ шавқангез буд.
Сарони давлатҳо экспозитсияро тамошо карда, ба ҳар касе, ки дар омодасозии ин рӯйдоди муҳим дар ҳаёти фарҳангии ду кишвар саҳм гузоштаанд, изҳори сипос намуданд. Таъкид шуд, ки чунин чорабиниҳо робитаҳои дӯстонаи моро мустаҳкам намуда, шавқу ҳаваси бепоёни халқи ӯзбекро ба таърихи Қазоқистони бародарӣ равшан нишон медиҳанд.
Бояд гуфт, ки имрӯзҳо дар саросари кишвар чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба мероси Абай Қунанбоев ҷараён доранд.