Президентҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон масъалаҳои густариши муносибатҳои гуногунҷанбаро баррасӣ карданд

24 июл мулоқоти телефонии Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев баргузор гардид.

Дар оғози суҳбат роҳбари Қазоқистон сарвари давлати моро ба муносибати таваллудаш самимона табрик гуфта, ба Президенти Ӯзбекистон самимона саломатӣ, шукуфоӣ ва муваффақиятҳои бузург орзу намуд.

Масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқии Ӯзбекистону Қазоқистон, густариши ҳамкориҳои бисёрҷанбаи байни ду кишвар баррасӣ шуданд.

Аҳамияти тезонидани лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату логистика, саноат ва комплекси агросаноатӣ таъкид гардид. Дар бораи идомаи ҳамкории зич дар сатҳи ҳукуматҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон тавофуқ ҳосил шуд.

Инчунин оид ба рӯзномаи имрӯзаи минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт. Ба натиҷаҳои судманди Мулоқоти машваратии навбатии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки ҳафтаи равон дар Қирғизистон баргузор гардид, баҳои баланд дода шуданд.

Ба масъалаҳои ҳарчи зудтар тайёрӣ дидан ва оғози татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрассохторӣ дар минтақа диққати махсус дода шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: