Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 5 апрел бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев мулоқоти телефонӣ анҷом дод.
Сарони давлатҳо ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон якдигарро самимона муборакбод гуфта, ба халқҳои бародари Ӯзбекистон ва Қазоқистон беҳбудӣ ва шукуфоӣ таманно намуданд.
Масъалаҳои татбиқи амалии созишномаҳои дар сатҳи олӣ ҳосилшуда баррасӣ гардиданд.
Ба афзоиши ҳаҷми тиҷорати мутақобила, пешбурди лоиҳаҳои муштараки ҳамкориҳои саноатӣ, идома додани табодули фаъол дар чаҳорчӯби барномаи фарҳангиву инсонпарварӣ таваҷҷуҳи ҳоса дода шуд.
Ҳамчунин бинобар ҷанбаҳои мубрами ҳамкориҳои минтақавӣ, аз он ҷумла омодагӣ ва баргузории ҳамоиши СҲШ дар Ӯзбекистон моҳи сентябри соли ҷорӣ табодули афкор сурат гирифт.
Суҳбати президентҳои ду кишвар дар фазои анъанавии корӣ ва дӯстона гузашт.