Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 4 июл бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқоти телефонӣ анҷом дод.
Масъалаҳои мубрами рӯзномаи васеи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии Ӯзбекистону Қирғизистон баррасӣ шуданд.
Президент Садир Жапаров ҳаракатҳои қатъии сарвари Ӯзбекистонро ба мақсади пешгирии саъю кӯшиши нооромгардонии вазъият дар Қароқалпоқистон пурра дастгирӣ кард. Роҳ надодан ба дахолат ба корҳои дохилии давлати дигар махсусан қайд карда шуд.
Раҳбарони Ӯзбекистон ва Қирғизистон ҷадвали мулоқотҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи сатҳи баланд, аз ҷумла омодагиҳо ба ҳамоиши дарпешистодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Чӯлпон-Атаро баррасӣ карданд.
Мувофиқа шуд, ки дар ояндаи наздик як қатор чорабиниҳои муштарак, ки ба пешбурди созишномаҳо дар самтҳои муҳим нигаронида шудаанд, баругзор шаванд.
Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки аз суръат бахшидан ба рушди лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ дар соҳаи рушди долонҳои нақлиётии минтақавӣ ва инфрасохтори энергетикӣ манфиатдоранд.