Президентҳои Ӯзбекистон ва Русия масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаро баррасӣ карданд

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 16 август бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти телефонӣ анҷом дод.

Рӯзномаи кунунии муносибатҳои дуҷонибаи шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ баррасӣ гардида, оид ба масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.

Ба татбиқи амалии созишномаҳои сатҳи олӣ, аз ҷумла пешбурди лоиҳаҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар сатҳи минтақаҳо ва соҳибкории Ӯзбекистон ва Русия таваҷҷуҳи хоса дода шуд.

Бояд гуфт, ки дар зарфи ҳафт моҳи соли ҷорӣ муомилоти мол 30 фоиз афзуд. Дар баробари ин афзоиши нишондиҳандаҳои савдо аз ҳисоби вусъати интиқоли тарафайни молҳои арзиши иловагиашон баланд таъмин карда мешавад.

Миёни минтақаҳо табодули фаъол ва пурсамар ба роҳ монда шуда, тирамоҳи соли ҷорӣ баргузории Форуми сеюми минтақаҳои Ӯзбекистону Русия ба нақша гирифта шудааст. Татбиқи лоиҳаҳои муҳими сармоягузорӣ ва барномаҳои фарҳангию башардӯстона идома дорад.

Дар рафти мулоқот роҳбарони Ўзбекистон ва Русия зарурати минбаъд васеъ гардондани ҳамкории бисёрҷанбаро байни кишварҳоямон, пеш аз ҳама аз ҳисоби идомаи корҳои муштарак оиди бо мазмуни аниқ ва хушсифат ғанӣ гардондани ҳамкории амалӣ қайд намуданд.

Ҳамчунин ҷадвали баргузории чорабиниҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи дарпешистода баррасӣ шуд. Сарони давлатҳо ба масъалаҳои ташкил ва баргузории ҳамоиши Созмони ҳамкории Шанхай дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Самарқанд алоҳида таваҷҷуҳ карданд.

Суҳбати телефонии Президенти Ӯзбекистон ва Президенти Русия дар фазои анъанавии созанда, кушод ва дӯстона сурат гирифт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: