Президентҳои Ӯзбекистон ва Русия масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба ва минтақавиро баррасӣ карданд

24 июл Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти телефонӣ анҷом доданд.

Дар оғози суҳбат роҳбари Русия Президенти кишварамонро ба муносибати зодрӯзаш самимона табрик гуфта, ба ӯ саломатии бардавом, бахту саодат ва дар фаъолияти давлатӣ ба хотири рушди устувор ва шукуфоии Ӯзбекистон аз самими қалб муваффақият таманно намуд.

Владимир Путин ҳамчунин дар бораи фармони як рӯз қабл оиди  бо ордени Александр Невский барои хидматҳои бузургаш дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамкориҳои дуҷониба мукофотонидани Шавкат Мирзиёев ба имзо расида  хабар дод. Сарвари давлатамон ба Президенти Русия барои баҳои баланд ба сатҳи кунунӣ ва дастгирии ҳамаҷониба дар масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқии Ӯзбекистону Русия изҳори сипос намуд.

Рафти иҷрои қарордодҳои мулоқотҳои сатҳи олӣ баррасӣ шуд. Аҳамияти идомаи кори фаъолонаи муштарак дар чаҳорчӯби механизмҳои муассири ҳамкорӣ дар сатҳи байниҳукуматӣ, аз ҷумла барои нигоҳ доштани динамикаи баланди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва пешбурди лоиҳаҳои афзалиятноки ҳамкорӣ таъкид гардид.

Раҳбарони Ӯзбекистон ва Русия ҳамчунин аз равобит ва табодули судманд дар сатҳи байниминтақавӣ бо қаноатмандӣ қайд намуда, ба густариши минбаъдаи онҳо даъват карданд.

Ба рӯзномаи минтақавӣ диққати махсус дода шуд. Оид ба омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанд дар моҳи сентябри соли ҷорӣ табодули афкор сурат гирифт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: