Президентҳои Ӯзбекистон ва Русия масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷонибаро баррасӣ карданд

16 феврал мулоқоти телефонии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин сурат гирифт.

Масъалаҳои мубрами рушди минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷанба ва таҳкими шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ байни Ӯзбекистон ва Русия баррасӣ шуданд.

Сарони давлатҳо ба масъалаҳои афзоиши гардиши мутақобила, амиқсозии ҳамкориҳои саноатӣ байни корхонаҳои пешқадам, дар доираи Дафтари муштараки лоиҳавӣ татбиқ намудани  лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои афзалиятнок  таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

Дар ин замина аҳамияти баргузории намоишгоҳи байналмилалии «Иннопром. Осиёи Марказӣ» ва Анҷумани минтақаҳои Ӯзбекистону Русия қайд гардид.

Сарони ду давлат ҳамчунин доир ба масъалаҳои густариши табодули фарҳангиву башардӯстона табодули афкор намуда, ҷадвали чорабиниҳои дарпешистодаро баррасӣ карданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: