Президентҳои Ӯзбекистон ва Русия масъалаҳои рушди ҳамкориҳои амалиро баррасӣ карданд

4 январ мулоқоти телефонии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба амал омад.

Масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Ӯзбекистону Русия баррасӣ шуданд.

Динамикаи рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии дуҷониба, аз ҷумла афзоиши ҳаҷми муомилоти мутақобилаи мол, афзоиши шумори корхонаҳои муштарак ва лоиҳаҳои ҳамкорӣ бо иштироки ширкатҳои бонуфузи Ӯзбекистону Русия бо қаноатмандӣ қайд карда шуд.

Аҳамияти идомаи робитаҳои пуршиддат байни минтақаҳои ду кишвар, бо ин мақсад самаранок истифода бурдани имкониятҳои майдончаҳои намоишгоҳи байналмилалии «Иннопром. Осиёи Марказӣ», ки ҳар сол дар шаҳри Тошканд гузаронда мешавад,  инчунин Форуми минтақаҳои Ӯзбекистону Русия қайд гардид.

Ба масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар бахши нафту газ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.

Сарвари давлатамон ҳамчунин ба натиҷаҳои пурсамари нишасти ғайрирасмии ИДМ дар шаҳри Санкт-Петербург, ки 26-27 декабри соли 2022 баргузор гардид, баҳои баланд дод.

Суҳбати телефонии раҳбарони Ӯзбекистон ва Русия дар фазои анъанавии гарм, дӯстона ва корӣ сурат гирифт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: