Президентҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон аҳамияти рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ҳамаҷонибаро қайд карданд

Дар ҳошияи ҳамоиши Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, ки имрӯз дар шаҳри Ашқобод ҷараён дорад, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Дар ҳошияи ҳамоиши Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, ки имрӯз дар шаҳри Ашқобод ҷараён дорад, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон  Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Сарони давлатҳо масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегии Ӯзбекистону Тоҷикистонро баррасӣ карданд. Аҳамияти вусъат додани ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ таъкид шуд.

Ба татбиқи лоиҳаҳои пешомадноки ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шуд. Барномаҳои муҳими табодули фарҳангиву гуманитарӣ қайд карда шуданд.

Сарони давлатҳо ҳамчунин доир ба рушди вазъ дар минтақаи Осиёи Марказӣ табодули назар карданд.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: