Президентҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба ва амнияти минтақавиро баррасӣ карданд

6 январ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Зимни суҳбат сарони давлатҳо рӯзномаи кунунии муносибатҳои шарикии стратегии Ӯзбекистону Тоҷикистонро баррасӣ намуда, ҳамчунин доир ба вазъи минтақа, аз ҷумла вазъи кунунии Қазоқистони ҳамсоя табодули афкор намуданд.

Раҳбарони ду кишвар тарафҳои ба ҳаводиси кунунӣ марбутро ба худдорӣ ва ҳалли мусолиматомези масоили ба миёномада даъват карданд.

Сарони давлатҳо омодагии худро барои идомаи саъю кӯшиши муштарак ҷиҳати рушди ҳамкориҳои ҳамаҷониба дар таъмини сулҳу субот ва амният дар минтақа изҳор доштанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: