Президентҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон аз натиҷаҳои музокирот изҳори қаноатмандӣ намуда, имконоти бузурги ҳамкориҳои дуҷонибаро қайд карданд

  • Президентҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон аз натиҷаҳои музокирот изҳори қаноатмандӣ намуда, имконоти бузурги ҳамкориҳои дуҷонибаро қайд карданд
  • Президентҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон аз натиҷаҳои музокирот изҳори қаноатмандӣ намуда, имконоти бузурги ҳамкориҳои дуҷонибаро қайд карданд
  • Президентҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон аз натиҷаҳои музокирот изҳори қаноатмандӣ намуда, имконоти бузурги ҳамкориҳои дуҷонибаро қайд карданд
  • Президентҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон аз натиҷаҳои музокирот изҳори қаноатмандӣ намуда, имконоти бузурги ҳамкориҳои дуҷонибаро қайд карданд
  • Президентҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон аз натиҷаҳои музокирот изҳори қаноатмандӣ намуда, имконоти бузурги ҳамкориҳои дуҷонибаро қайд карданд
  • Президентҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон аз натиҷаҳои музокирот изҳори қаноатмандӣ намуда, имконоти бузурги ҳамкориҳои дуҷонибаро қайд карданд

Дар вохӯрӣ бо воситаҳои ахбори оммавӣ Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов баҳоҳояшонро бинобар натиҷаҳои музокироти баргузошуда баҳам диданд.

Сарвари Ӯзбекистон қайд кард, ки сафари имрӯзаи давлатии Президенти Туркманистон дар таърихи бародарии бисёрасраи халқҳои мо, ки ба риштаҳои мустаҳками дӯстӣ, ҳамсоягии нек, эътимод ва дастгирии ҳамдигар асос ёфтааст, марҳалаи муҳим мебошад.

– Имрӯз мо бо Сердар Гурбангулиевич гуфтушунидҳои пурмазмун, ошкоро ва ҳамаҷониба анҷом додем, ки ин бешубҳа ҳамкориҳои моро ба сатҳи нав, боз ҳам баландтар мерасонад, – гуфт роҳбари Ӯзбекистон. – Мо ҳама масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷонибаро муфассал баррасӣ кардем. Мо ба вазъи кунунии ҳамкориҳо баҳо дода, пешрафти бузургро қайд кардем. Мо афзалиятҳои фаъолияти минбаъдаи муштаракро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, нақлиётӣ, обу энергетика ва гуманитарӣ муайян кардем.

Сарвари давлат таъкид кард, ки таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо Туркманистон афзалияти бечунучарои сиёсати хориҷии Ӯзбекистон мебошад.

Саҳми бебаҳои Раиси Маҷлиси Миллии Маслаҳати Халқии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар таҳкими муносибатҳои гуногунҷанбаи Ӯзбекистону Туркманистон махсусан қайд карда шуд.

– Дар Ӯзбекистон самимона шоданд, ки имрӯз Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов ин сиёсати хирадмандонаро идома дода истодааст, –  гуфт роҳбари кишварамон.

Шавкат Мирзиёев ҳамчунин изҳор дошт, ки дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо тамоми масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои ду кишварро муфассал баррасӣ карданд.

Қабули қарорҳо аз рӯи як қатор самтҳои ояндадор, татбиқи лоиҳаҳои кооператсияи саноатӣ, афзоиши ҳаҷми савдои байниҳамдигарӣ, ташкили минтақаи савдои наздисарҳадӣ, кушодани идораи муштараки лоиҳавӣ натиҷаи муҳим буд.

Дар бораи вусъат додани хамкории ба ҳамдигар фоидабахш дар саноати автомобилсозӣ, кимиё, электротехника, бофандагӣ, саноати хӯрокворӣ ва хоҷагии қишлоқ созишҳо ба даст оварда шуданд.

Бо ин максад барномаи миёнамуддати ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва инкишофи кооператсияи саноатӣ қабул шуд.

Рушди муколамаи пайвастаи байниминтақавӣ ба ҳамкории Ӯзбекистону Туркманистон динамикаи нав мебахшад. Якумин Форуми минтақаҳо дар Бухоро, ки чанде пеш бомуваффақият баргузор гардид, иқтидори бузурги истифоданашударо равшан намоиш дод. Дар натиҷа ба маблағи беш аз  450 миллион доллар бастаи зиёди шартномаҳо ва созишномаҳои имзо гардид.

Ҳамкории самарабахши парлумонҳо – Олий Маҷлис ва Генгеши Миллӣ бо қаноатмандӣ қайд карда шуд.

Дар маркази диққати музокирот чун анъана масъалаҳои густариши ҳамкориҳои фарҳангиву гуманитарӣ қарор гирифтанд. Дар бораи инкишофи фаъолонаи мубодилаи илмию академӣ, дастгирии барномаҳо дар соҳаи инноватсия созиш ҳосил гардид.

Қарор шуд, ки Рӯзҳои фарҳанг ва кинои Ӯзбекистон ва Туркманистон дар асоси мутақобила идома дода, лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи сайёҳӣ пешбарӣ карда шаванд.

Зимни музокирот масъалаҳои таҳкими амнияту субот дар минтақаи мо баррасӣ шуданд. Аҳамияти махсуси платформаи вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ қайд карда шуд.

– Итминони комил дорам, ки амиқтар шудани равандҳои минтақавӣ ва ҳамкориҳои бисёрҷониба дар Осиёи Марказӣ ба пешрафту шукуфоии тамоми кишварҳои минтақа мусоидат мекунад, – таъкид кард Президенти Ӯзбекистон.

Дар бораи вазъияти Афгонистон мубодилаи афкор барпо гардид. Сарони давлатҳо бори дигар тасдиқ карданд, ки омодаанд барои барқарорсозии иҷтимоию иқтисодии ин кишвар минбаъд ҳам ҳамкорӣ кунанд.

Муҳим будани идома додани равобити фаъол  ва дастгирии тарафайн дар доираи ниҳодҳои СММ, ИДМ, СҲИ, Созмони давлатҳои туркӣ ва дигар сохторҳо қайд гардид.

Президенти Ӯзбекистон ба ҷониби Туркманистон барои дастгирии фаъол дар таҳия ва қабули қатъномаи махсуси Ассамблеяи Генералии СММ оид ба таҳкими робитаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ изҳори сипос кард.

Сарвари давлатамон ҳамкасби туркманро барои ширкат дар ҳамоиши навбатии сарони кишварҳои узви СҲШ дар Самарқанд ҳамчун меҳмони фахрӣ даъват намуд.

– Имрӯз муносибатҳои сернақшаи Туркманистону Ўзбекистон муназзам ривоҷ меёбанд. Ӯзбекистон шарики муҳими сиёсии мост. Имрӯз масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ба таври муфассал баррасӣ шуда, омодагии тарафайн барои тавсеа ва диверсификатсияи он тасдиқ карда шуд, – қайд кард Сердар Бердимуҳамедов.

Дар хотима сарони давлатҳо тасдиқ карданд, ки шарикии ҳамаҷонибаи стратегиро рушду густариш бахшида, онро бо мазмуни сифатан нав ғанӣ гардонда, ба хотири пешрафту шукуфоии кишвару халқҳои бародарамон ба натиҷаҳои мушаххас ва пешрафт ноил мешаванд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: