ПРЕЗИДЕНТҲОИ ӮЗБЕКИСТОН ВА ТУРКМАНИСТОН РӮЗНОМАИ МУЛОҚОТИ ДАР ПЕШИСТОДАРО ДАР САТҲИ БАЛАНД МУҲОКИМА КАРДАНД

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 22 сентябр бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов мулоқоти телефонӣ анҷом дод.

Дар оғози суҳбат сарвари давлатамон Президенти Туркманистонро бо зодрӯзаш самимона табрик гуфта, ба ӯ саломатии бардавом, бахту саодат ва муваффақиятҳои бузург ва ба халқи бародари туркман шукуфоӣ таманно намуд.

Масъалаҳои муҳими рушди минбаъда ва таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, некҳамсоягӣ ва шарикии стратегии Ўзбекистону Туркманистон баррасӣ гардиданд.

Ба омода намудани рӯзномаи пурмазмуни мулоқотҳои дарпешистодаи сатҳи олӣ диққати махсус дода шуд. Имкониятҳои васеи мавҷуда барои зиёд кардани ҳаҷми савдои мутақобила, амиқтар кардани ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ, тавсеаи барномаи табодули фарҳангию гуманитарӣ қайд карда шуданд.

Сарони давлатҳо ҳамчунин доир ба дурнамои ҳамкориҳои минтақавӣ табодули афкор намуданд. Ба натиҷаҳои пурсамари нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Самарқанд баҳои баланд дода шуд.

Дар поёни гуфтугӯи телефонӣ Президенти Ӯзбекистон Президент ва  мардуми бародари Туркманистонро ба муносибати ҷашни дарпешистода - Рӯзи истиқлолияти кишвар табрик гуфта, сулҳу субот, рушди устувор ва пешрафт таманно кард.

Суҳбати Шавкат Мирзиёев ва Сердар Бердимуҳамедов дар фазои самимӣ, эътимод ва дӯстона сурат гирифт.

 

Прогноз погоды на 23 сентября

 

Пешгӯии обу ҳаво барои 23 сентябр

 

Имрӯз рӯзона дар Ӯзбекистон обу ҳавои бебориш дар назар аст. Шамол дар як сония 7-12 метр мевазад. Ҳарорати ҳаво 30-35 дараҷа  гарм мешавад.

Тибқи маълумоти хидмати Узгидромет дар пойтахт борон намеборад. Шамол дар як сония 3-8 метр мевазад. Ҳарорати ҳаво 32-34 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон намеборад. Шамол дар як сония 7-12 метр мевазад. Ҳарорати ҳаво 22-27 дараҷа мешавад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: