Профессор ҚУРБОНМАМАДОВ:

Профессор ҚУРБОНМАМАДОВ: БА ОРЗУҲОИ ҶАВОНӢ ДИГАР БАРНАМЕГАРДАМ

БА ОРЗУҲОИ ҶАВОНӢ ДИГАР БАРНАМЕГАРДАМ
«Эстетика Абдурахмана Джами», «Эстетика Фирдавси», «Из истории эстетической мысли в Средней Азии», «Эстетическая доктрина суфизма», «Образ Китая и китайцев в художественной литературы Средней Азии», «Представления о Европе и европейцах Средней Азии XIX века» – ин ҳама қисме аз китобу рисолаҳои доктори улуми фалсафа, профессор Ҳақназар Қурбонмамадов мебошад, ки нафақат бо шеваи илмӣ, балки бо усули бадеият ва ҷолибияти худ мавриди назари аҳли завқ низ қарор гирифтааст.
Профессор Қурбонмамадов, ки соли 1940 дар ноҳияи Рӯшони вилояти Худмухтори Бадахшони Кӯҳӣ таваллуд шудааст, ҳоло 80-солагии умри бобаракоташро истиқбол менамояд. Дар тӯли фаъолияти илмӣ ва таълимии худ дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, Донишкадаи политехникии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон, Донишкадаи муҳандисони обёрӣ ва механизатсияи хоҷагии қишлоқи Тошканд аз фалсафа ва эстетикаву этика дарс гуфтааст. 
— Устоди мӯҳтарам, аввало шуморо ба синни мубораки 80 самимона табрик мекунам, дувум, мехостам фикри шуморо бифаҳмам, ки оё фалсафаи имрӯза дар чӣ ҳол аст ва мақоми он дар ҷомеа, мисли давраи шӯравӣ, по бар ҷо аст ё на? Ва умуман дар фаҳмиши шумо фалсафа чист ва аҳамияти он барои насли имрӯза – насли қарни XXI дар чӣ зоҳир мегардад?
– Саволи шумо хеле ҳам доманадор аст ва бовар намекунам, ки дар як сӯҳбати кӯтоҳ онро зуд равшан карда тавонам. Бо вуҷуди ин кӯшиш мекунам, ки  то қадри имкон фикри худро ба шумо баён кунам. Агар фикри худро танҳо дар ҳолати ақлонӣ, мафҳумӣ ва фалсафӣ ифода кунам, он гоҳ масъалаи дар боло гузоштаи шумо барои хонандагон норавшан мемонад, зеро фалсафа фаъолияти касбӣ, профессионалист – мафоҳим, дид, фарҳанг, доираи ҷаҳонбинӣ ва ғайра дорад ва на ҳар кас завқи дониши фалсафавии  одаму оламро дорад. Ба ғайр аз  ин файласуфони Юнони Қадим ва гузаштагони нобиғаи фарҳанги форсу тоҷик гуфтаанд, ки фалсафа хусусияти фитрӣ ва ашрофӣ (элитарӣ) ҳам дорад. На ҳар кас дорои ақлу хотири шариф аст. Аммо дар зиндагӣ шумо шахсонеро дучор мекунед, ки онҳо аз мактаби касбии фалсафӣ нагузаштаанд, лекин суханҳою рафтору кирдор, тарзи муносибати онҳо ба табиат, ба одамон саршор аз ҳикмату фасоҳату балоғат аст. Ва баръакс, шахсонеро дучор мекунед, ки дипломи номзад ва ё доктори фалсафа доранд, аммо аз ҳикмат бархурдор нестанд. 
– Аз гуфтори шумо чунин фаҳмиш мебарояд, ки фалсафа ба мисли тиб, кимиё, риёзиёт, табиатшиносӣ ва ғайра илм аст ва оламу одамро ҳамчун илм ба василаи мафоҳими муайян дарк мекунад. Дар айни ҳол дар байни фалсафа ва илм фарқият намемонад. Маълум аст, ки бисёр файласуфони муосир фалсафаро илм намешуморанд (масалан, Ясперс ва дигарон). Ба ғайр аз ин намояндагони бузурги тасаввуф аз фалсафаи ақлонӣ канораҷӯйӣ мекарданд. Масалан, танқиди Ҷомӣ аз фалсафаи ақлонии Ибни Сино ва ғайра.  Пас агар фалсафа илм набошад, аҳамияташ дар чист?  
– Дар ҳақиқат агар ба фалсафа танҳо аз нуқтаи назари ақлонӣ (ратсионалӣ) назар кунем, онгоҳ фалсафа мабно (асос)-и маънавии худро аз даст медиҳад. Соддатар карда бигӯем, фалсафа пеш аз ҳама ҳикмат аст. Ҳикмате, ки аз таҷрибаи зиндагӣ – рӯзгор ба вуқӯъ меояд. Доираи фаҳмиши одам ва олам дар фалсафа аз илм дида васеътар, амиқтар ва ҷолибтар аст. Таъбир кардани фалсафа танҳо чун илм, чуноне ки дар давраи шӯравӣ мақбул буд, фалсафаро аз мабнои маънавият дур кард. Мо танҳо як дидаи фалсафӣ – марксистӣ-ленинӣ доштем ва гумон кардем, ки ҳақиқатро танҳо бо ҳамин фалсафа дарк карда метавонем. Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ маълум шуд, ки фалсафа ҷанбаҳои гуногун дорад.
– Оё фалсафа ба худшиносии шахс кӯмак расонда метавонад?
– Фалсафа пеш аз ҳама худшиносист. Дигар илмҳо қудрату қобилияти худшиносӣ надоранд. Арзишҳои маънавӣ (ахлоқӣ, динӣ, эстетикӣ, руҳӣ ва ғайра) мавзӯи омӯзиши фалсафа мебошанд.
Байни арзишҳои маънавӣ ва илмӣ фарқияти калон ҳаст. Арзишҳои иқтисодӣ, масалан, нисбат ба арзишҳои маънавӣ маҳдуд ҳастанд ва на дар ҳама вақту ҳолат маънавияти шахсро муайян карда метавонанд. Мафҳуми «нарх», масалан, арзиши иқтисодист ва нисбат ба маънавиёт ва фалсафа истифода кардани он аз матлаб дур аст. Ман ба мағоза даромада, аз соҳиби мағоза наметавонам талаб  кунам, ки ба ман 200 грамм инсоф баркашида диҳед, зеро инсофам тамом шудааст. Дар илми иқтисодиёту  савдо нарх ҳамчун арзиши маънавӣ дар бисёр мавридҳо поймол мешавад. Дар фалсафа мафҳуми инсоф арзиши маънавӣ дорад ва ҳамчун сифати волои одамӣ дониста мешавад ва бешак мавзӯи асосист.  
– Маълум аст, ки давлат бе идеологияи муайян қобилияти идоракунии ҷомеаро аз даст медиҳад. Оё фалсафа тобиши идеологӣ дорад ва ё як навъ идеология шуда метавонад? 
– Агар фалсафа сирф ба идеология табдил ёбад, он як навъи сиёсат мешавад. Аз ҳикмат дар фалсафа чизе намемонад. Зарбулмасали халқӣ мегӯяд: «Ҳикмат ба Луқмон омӯхтан ғалат аст». Мо инро дар мисоли давраи Шӯравӣ хеле хуб дар ёд дорем. Маълум аст, ки ҳар як идеология ба воситаи фишангҳои гуногун ё ба восита ва ё бевосита, озодии фикр, озодии сухан, озодии рафтору кирдорро пахш мекунад. Фалсафа ифодакунандаи марому ормонҳои умумибашарист, идеология бошад, ифодакунандаи манфиатҳои гурӯҳ, синф, ҳизб ва давлати муайян мебошад. Дар давраи Шӯравӣ ағлаб котибони якуми райком номзади илми фалсафа мешуданд ва котибони якуми вилоятӣ ё номзад ва ё доктори илмҳои фалсафа мешуданд. Чунин муносибат аломати омезиши фалсафа ва идеология буд. 
– Бузургон гуфтаанд, ки фалсафа ҷавҳари фарҳангро ташкил медиҳад. Пас чаро дар замони мо ба омӯзиш ва мақоми фалсафа дар ҷомеа беэътиноӣ зоҳир мегардад?
– Чунин тамоюл сабабҳои бисёр дорад. Мо танҳо сетои онро номбар мекунем. Якум, дар бораи  дар зиндагӣ арзишҳои маънавиро тобеи моддиёт кардан ва ё афзалтар донистан, дувум, дар системаи муносибатҳои бозории тараққинаёфта арзишҳои маънавиро ба эътибор нагирифтан ҳанӯз шоири ширинсухани мо Савдо навишта буд:
Он, ки дорад кафш дар по, ҷома бар дӯш, зар ба ҷайб,
Гарчи беақл аст, мегӯянд: ӯ ақли кул аст.
Сеюм, пайдо шудани технологияи навини информатсионӣ (интернет, санъати виртуалӣ, смартфонҳо ва ғайра) ҷаҳонбинии одамонро дигар карда, диди фалсафии онҳоро ҳам дигар кардааст. Мо бо ҷаҳонишавии афкор, эҳсосот, орзую ормонҳо ҳатто то забону анъанот дучор гардидем, ки фалсафаи навро тақозо мекунанд. 
– Чунон ки сотсиологҳои Русия қайд мекунанд, ҷавонон ба омухтани фалсафа майл надоранд ва дар кафедраҳо, институтҳои тадқиқотҳои гуманитарӣ, фалсафӣ қариб 75 фоизро занон ташкил медиҳанд. Чунин ҳолатро дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ҳам равшан дидан мумкин аст. Оё фалсафа ҳамчун шуғли анъанавии мардон аз байн рафтааст? Дигархелтар бигӯем, феминизатсияи фалсафа магар натиҷаҳои мусбат дода метавонад? Оё дар байни занон пайдо шудани файласуфони ба мисли Форобӣ, Ибни Сино, Декарт, Кант, Гегел ва ғайра мумкин аст? 
– Дар вақташ файласуфи бузург И. Кант доир ба феминизатсияи фалсафа фикр баён карда, гуфт, ки агар чунин бошад, ман кафедраро тарк мекунам. Лекин давру замон дигар шудаанд. Кант бо ақлу заковати бузурги худ дар бораи интернет, информатсияи рақамӣ, таълим ва омӯзиши масофавӣ ва ғайра тасаввур ҳам намекард. Феминизатсияи фалсафа дар замони  мо дар тамоми мамлакатҳо ҷой дорад ва рушд мекунад. Фикр мекунам, чунин вазъият дар асоси баробарҳуқуқии ҷинсӣ, бо назардошти меъёрҳои касбӣ-интеллектуалӣ ҳаллу фасли худро ёбад. Афкори волои фалсафӣ набояд зоеъ шавад ва дучори беэътиноӣ гардад.
– Ба қавли шумо агар фалсафа яке аз рукнҳои худшиносӣ ва маънавияти бойи шахс бошад, пас худи маънавиятро чӣ тавр маънидод ва талаққӣ мекунед? 
– Маънавият мафҳуми васеъ аст. Дар инсон маънавият худ ба худ ташаккул намеёбад. Он бояд ба арзишҳои ахлоқӣ, эстетикӣ, бадеӣ, динӣ ва анъанаҳои беҳтарини ин ё он халқ, ки аз озмоиши чандинасраи таърихӣ гузаштаанд, асос ёбад. Агар ба таври умумӣ бигӯем, маънавият тарзи зиндагии фикрӣ ва рӯҳии шахсу ҷомеаро ташкил медиҳад. Дин, санъат, ахлоқ, адабиёти бадеӣ ва шифоҳӣ василаҳое ҳастанд, ки маънавиятро шакл медиҳанд. Дар китоби «Ахлоқи Носирӣ» омадааст, ки «Маънавияти инсон мабдаи сурати вуҷуди вазъияти ӯст». 
Гумон набаред, ки одаме гул дар даст, ки мусиқаро гӯш мекунад, маънавиёти шоиста ва боиста дорад. Гулпараст ва мусиқадӯстро танҳо дар ҳолате шахси бомаънавият гуфтан мумкин аст, ки агар гул ва мусиқаро ба зеби ҳаёт табдил карда, амали инсондӯстиро ифода карда тавонанд. Гитлер ҳам мусиқаи Вагнерро гӯш мекард, ба касби рассомӣ шуғл дошт. Азбаски аз маънавият бархурдор набуд, сабаби қатли миллионҳо одамон гардид. На ҳар як намозхон маънавияти волои динӣ дорад. Масалан, террористон намозхонанд, аммо дар куштори одамони бегуноҳ, барои мақсади худро амалӣ кардан даст мезананд. Масалан воқеаи Беслан дар Русия ва ё Толибон дар Афғонистон, ки бозёфтҳои пурарзиши дини буддоиро хароб карданд. 
– Оё метавон гуфт, ки инсоният дар қарни XXI ба буҳрони шадиди экологӣ дучор гардидааст?  
– Бе шакку шубҳа. Заҳролуд шудани заминҳои корам, ифлосшавии оби дарёҳо, баҳрҳо, уқёнусҳо, об шудани пиряхҳо, барфҳо, хушк шудани чашмаҳо, кулҳо, нобуд шудани ҳайвоноту растаниҳои куҳӣ, баҳрӣ, саҳроӣ ва ғайра аломати эҳсоскунандаи буҳрони экологӣ мебошанд. Ба ғайр аз ин набудани маданияту маънавияти экологӣ дар сатҳи фардӣ, маҳаллӣ, давлатӣ ба буҳрони экологӣ рӯ ба рӯ месозад. 
Инсоният ба ҳама ҳашаматҳои техникӣ–информатсионӣ, илмӣ, роҳсозию шаҳрсозӣ, кашфиётҳою парвозҳои кайҳонӣ ва ғайра нигоҳ накарда, дар назди табиат хеле ҳам заифу нотавон аст. Бисёр тамаддунҳои бузург дар гузаштаҳои дур, бо сабабҳои ҳанӯз барои мо номаълум, ба таназзул дучор  шуданд ва ба зери хок рафтанд. Таълимоти марксистӣ дар бораи табақабандӣ (форматсия)-и  ҷамъиятӣ, ки мо дар давраи донишҷӯйӣ ба он боварӣ доштем, танҳо як консепсияи илмӣ будаасту халос. Мо наметавонем бигӯем, ки рушди тафаккури инсонӣ то кадом нуқта рафтаю қарор мегирад. Танҳо ҳаминаш маълум аст, ки бақо дар ҳамбастагӣ бо фаност. 
– Ковид-19-ро як падидаи хавфи экологӣ гуфтан мумкин аст?
– Ман, ки мутахассиси соҳаи вирусшиносӣ нестам, аммо фикри шахсиам он аст, ки коронавирус аз бисёр ҷиҳат ба эътибор нагирифтани қоидаю талаботи экологӣ аз тарафи инсоният, дар айни маврид, аз бошандагони шаҳри Хуан, ба вуқӯъ омад. Ин бадбахтиро ҳатто Кассандри асотирии Юнони Қадим ҳам пешгӯӣ карда натавонист. Коронавирус аз ҳамаи китобҳои динӣ, ахлоқӣ, фалсафӣ, ки аз гузаштагон ба мо расидаанд, ба мо васеътар, боварибахштар нишон дод, ки нисбати табиат набояд беҳурматӣ кард, худро набояд салтанаткунандаи табиат донист. 
Ковид-19 тамоми ақлу заковат ва эҳсоси маънавияти инсониятро бедор карда, нишон дод, ки тамоми зиддиятҳои сиёсӣ, динӣ, идеологӣ, иқтисодӣ, сарҳадӣ, этникӣ ва ғайра натиҷаи амалиёти бешууронаи одамонанд. Инсониятро на бомбаҳои атомӣ, ракетаҳои дур, наздик ва миёнапарвоз ва дигар яроқу аслиҳаи ҷангӣ нест карда метавонанд, балки як вируси ба чашм ноаён метавонад ба нестӣ дучор кунад. 
Охир суханони муқаддаси динӣ, ки онҳоро Шайх Саъдӣ ба риштаи назм кашида – «Бани Одам аъзои якдигаранд, Ки дар офариниш зи як гавҳаранд», ҳанӯз, яъне дар давраи инфораматсияи рақамӣ, интернету смартфон ва ғайра ба умқи дили  инсонҳо нарасидааст. Талаботи муносибати бошуурона ба табиат ва қисматҳои он имрӯз ё дирӯз пайдо нашудаанд. Ин масъала ҳанӯз дар асотирҳои мардуми олам дар назди инсон гузошта шудаанд. Дар китоби муқаддаси гузаштагони мо «Авасто» гуфта мешавад, ки ҳифзи табиат вазифаи ҳаётии инсон аст. Афсус, ки мо ин суханонро ба вартаи фаромӯшӣ медиҳем ва худро аз қонунҳои табиат болотар мегирем. 
– Дар вақтҳои охир олимони ҷомеашинос, сиёсатмадорон дар бораи менталитет, менталитети миллӣ бисёр асарҳо ва мақолаҳои илмӣ чоп мекунанд. Оё намешавад, ки дар бораи менталитет чизе бигӯед? 
– Менталитет дар маънои луғавиаш (аз лотинӣ) тарзи тафаккур, андеша кардан аст. Дар маънои васеътар – тарзи тафаккур, тарзи зиндагӣ, донишу фаҳмиши ин ё он миллат аст. Менталитет тамоми паҳлуҳои зиндагии миллат – гуфтор, кирдор, созу наво, хуроку хоб, афкори сиёсӣ, ахлоқӣ ва ғайраро дарбар мегирад. Умуман бо менталитет як миллатро аз миллати дигар фарқ мекунанд. Аҷиб он аст, ки менталитети этносҳо дар натиҷаи воқеиятҳои таърихӣ, табиӣ, динӣ ва иқтисодӣ боҳам наздик шуда, ягонагӣ пайдо мекунанд. Масалан, менталитети тоҷикон ва ӯзбекон, русҳо ва тоторҳо, эрониён ва туркон, миллатҳои назди Балтика, ба ғайр аз истиснои ҷузъӣ, қариб як хел аст. 
– Оё глобализатсия (ҷаҳонишавӣ)-и фарҳангҳо ба арзишҳои маънавии миллатҳо таъсири манфӣ намерасонад ва ҳуввияти миллиро хароб намекунад? 
– Чунин тамоюл таъсири дутарафа – мусбӣ ва манфӣ дорад. Аз як тараф, одамони рӯйи Замин ба ҳам наздик мешаванд, аз тарафи дигар ҳуввияти миллатро заиф мекунад. Ба василаи интернет, ютуб, масалан, ман бо табиат, санъат, урфу одатҳои мардуми аз мо дури Шри-Ланка ва ё аборегенҳои Амрико шинос шавам, дӯстӣ пайдо кунам, тамос гирам ва ғайра. Умуман масофаи физикӣ байни одамон бартараф мешаванд ва одамон «зи як гавҳар» будани худро дарк мекунанд, аз тарафи дигар бисёр анъанаҳои хуби миллӣ, эҷодиёти шифоҳӣ фаромӯш мешаванд, ба мисли афсонаҳои сеҳрангез, асотиру эҷодиёти эпикӣ ва ғайра. Дар шароити ҷаҳонӣ шудани фарҳангҳо ҳифзи ҳуввияти миллӣ на танҳо хусусияти сиёсӣ, балки маданӣ-таърихӣ мегиранд. 
– Маълум аст, ки Президентамон Ш. Мирзиёев панҷ ташаббуси асосиро барои баланд бардоштани маънавияти ҷавонон пешниҳод кардааст. Оё ин ташаббусҳо барои эҳёи фалсафаи миллӣ кумак расонда метавонанд? 
– Бе шакк! Агар фалсафаро ҳамчун ҷаҳонбинии нав ва дарки оламу одам бидонем, ин панҷ ташаббус асоси фалсафаи миллӣ шуда метавонанд. Масалан, китобдӯстию китобхонӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, зиёд намудани шуғл ба санъатҳои гуногун, аз худ кардани василаҳои навини технологӣ ва информатсионӣ, бархурдор шудан аз тараққиёти илми ҷаҳонӣ ва ғайра барои баланд бардоштани тафаккури фалсафӣ ва маънавияти ҷавонони муосир асос шуда метавонанд.
– Шумо худотарсед? 
– Бале, худотарсам.
– Ба масҷид рафта намоз мехонед?
– Не, барои ман ҳама ҷо масҷид аст. Ман чӣ будани дин ва кӣ будани Худоро аз суфиёни худамон Мансури Ҳаллоҷ, Саноӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷомӣ ва дигарҳо ёд гирифтаам.
–  Шумо ягон файласуфи муосири тоҷик ва ӯзбекро номбар карда метавонед? 
– Тоҷикон ва ӯзбекон аз асри XIX то имрӯз танҳо як файласуф доштанд. Ин ҳам бошад, Аҳмади Дониш. Дигарон, махсусан, дар давраи Шӯравӣ дар Тоҷикистон  А.Баҳовиддинов, Муҳаммад Осимӣ, М. Болтаев ва ғайра, дар Ӯзбекистон И. Муъминов, Ю. Зоҳидов, М. Хайруллоев ва ғайра фалсафашинос буданд, на файласуф ба маънои пурраи он. Мисли он ки адабиётшинос шеър, роман, повест наменависад, аммо онҳоро меомӯзад ва таҳқиқ мекунад. 
– Саволе берун аз мавзӯи асосии мо. Ҳоло дар баъзе ҳамсоякишварҳо мардоне, ки риши дарозу дабдабанок гузоштаанд, маҷбуран ришашонро метарошанд. Оё чунин муносибат ба ришдорон ҳуқуқи онҳоро поймол намесозад?
– Фикр мекунам, ки агар Пётри I дар вақташ риши дарози русҳоро маҷбуран наметарошид, русҳо дар ин рӯзҳо ба ин қудрату рушди илмию фарҳангӣ намерасиданд. Гап дар сари он аст, ки баъзе одамон, махсусан муллоҳо, риши дарозу боҳашаматро аломати мусулмонии содиқ талаққӣ мекунанд. Охир, мусулмонӣ магар дар ришгузорист? Мусулмонӣ пеш аз ҳама дар дилу қалби инсон аст, на дар риш. Марде, ки риш монаду он моси талаботи эстетикӣ набошад, яъне форам, шинам, зебо набошад, чунин риши бадҳайбату аз меъёрҳои санитарӣ дур, бешакк атрофиёнро хастаю дилгир, табъу рӯҳи одамро хира мекунад. Ҳанӯз дар асри X Устод Рӯдакӣ навишта буд: 
Риши худро ҳаме хизоб кунӣ, 
Хештанро ҳаме азоб кунӣ.
– Агар шумо аз нав ҷавон мешудед, кадом касбро интихоб мекардед ва ба кадом роҳ мерафтед?
– Ҳамон касбу ҳамон роҳе, ки маро то синни мубораки 80 расонданд. Дигархелтар бигӯем, бо ҳамон роҳе, ки барои ман, бе ман Парвардигор муайян кардааст ва дар сарнавиштам ба қалам дода. Ба орзую ормонҳое, ки дар ҷавонӣ доштам, дигар барнамегардам. Онҳо хира ва пажмурда шуданд ва маро сарфароз карда наметавонанд. 
– Ба ҷавонон чӣ маслиҳат медиҳед?
– Фикр мекунам, ҳар як ҷавон бояд, ки мурод ва мақсади муайян дошта бошад. Мурод мисли дасту пои одамист, бе мурод зиндагӣ кайфияту лаззати худро гум мекунад. Ба тарзи фавқулфизикӣ (метафизикӣ) ифода кунем, муроди хуб хазинаи Парвардигор аст. Аз ин ҷост, ки мурод садоқати шахсро ба зиндагӣ пойдор  ва қувваи созандагиро дар ӯ бедор мекунад. Мехостам ҷавонон дар худ муроди хубро созмон, ташаккул дода тавонанд. 
– Се хислате, ки дар одамон шуморо мафтун мекунанд?
– Родмардӣ, нексириштӣ, саховатмандӣ.
– Се хислате, ки дар одамон шуморо нигарон ва ба ташвиш меоваранд?
– Миллатситезӣ, худбинӣ, маҳалгароӣ.
– Се хислате, ки барои амалӣ шудани муроду мақсади шумо дар зиндагӣ садди роҳ мешуданд?
– Беғайратӣ, шубҳанокӣ, боварии бениҳоят.
– Барои суҳбати шумо ташаккур.

Суҳбаторо 
Тоҷибой  ИКРОМОВ,
 хабарнигори «Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: