ПРОФЕССОРИ ПАНҶОБӢ

Ҳурмату эътибор ва мартабаи Рӯзимурод Қаландаровро ба туфайли илму фан аст.

«Олим бошӣ, олам аз они ту» гуфтаанд донишмандон.
Мо бо Рӯзимурод Қаландаров дар мактаб якҷоя таҳсил гирифтаем, ҳамсинф ҳастем. Зеҳни тез дошт ва ба илм ташна буд. Алалхусус, аз фанҳои физика, математика ва кимё шавқу завқаш баланд буд, мавзӯъҳоро хуб аз бар мекард, вазифаҳои хонагиро ба дафтари умумӣ навишта, ҳамеша ба дарсҳо тайёр буд. Ҷустуҷӯҳои пайвастааш дар роҳи илм, имрӯз ӯро ҳамчун олими забардаст, эҷодкори варзида ба мақому мартабаҳои бузург сазовор намуд, ки аз он мо ифтихор менамоем. Дар замони кунунӣ, ки илму фан рӯз то рӯз равнақ меёбаду ихтироъкориҳои инноватсионӣ рушд мекунад, дар соҳаи таълим, алалхусус, таълими олӣ таҷриба ва маҳорати Қаландаров барин устодон намунаи ибрат аст ва сарчашмаи муваффақиятҳост. Аз рӯйи ихтисоси худ машғулоти назариявӣ ва амалии ӯ, ба талабагон панду насиҳатҳояш, роҳу равиш, дастурҳои дар мавзӯъҳои наву тоза иншокардаву фаъолияти пурсамараш ба эътироф сазовор аст.
Р.Қаландаров дар диёри хушманзараву хушбоду ҳавои Панҷоби ноҳияи Бойсун дар оилаи хидматчӣ таваллуд ёфтааст. Оилааш дар миёнаҳои асри гузашта дар ҷараёни кӯчбандии оммавӣ ба ноҳияи Олтинсойи имрӯза меоянд. Рӯзимуроди ҷавон баъди хатми мактаби нопурраи деҳа таҳсилро дар мактаби рақами 2-юми шаҳри Тирмиз давом медиҳад. Азбаски аъло мехонд, маъмурияти мактаб пешбарандаи ташкилоти ҷавонон, лаборантии кабинети физикаро ба дӯши ӯ вогузошта буд. Мактабро бо медали нуқра тамом намуда, худи ҳамон сол ба факултаи механикаи Донишкадаи бофандагӣ ва саноати сабуки Тошканд қабул шуд.
Маскани олии таълимро бо дипломи имтиёзнок хатм намуда, мутахассиси ҷавон бо роҳхат ба заводи пахтатозакунии Тирмиз ба кор меояд. Дар ин миён қарзи ватаниро ҳам сарбаландона адо намуда, муддати 6 сол дар корхона ба ҳайси муҳандис, раҳбари шуъба, механик самарнок фаъолият менамояд. Дар он замон мамлакатамон базаи асосии пахтаистеҳсолкунии Иттиҳоди Шӯравӣ маҳсуб меёфт. Аммо ҳосилро аз нав кор карда, ба нах мубаддал намудан ҷараёни осон набуд ва муаммоҳои зиёде эҷод мекард. Алалхусус, пахтаи қимматбаҳои навъи маҳиннахро аз нав кор карда, ба ашёи хом табдил додан мушкил буду машаққати зиёд талаб мекард. Решаҳои ана ҳамин мушкилиҳоро пайдо намуда, меҳнати пурзаҳмати кормандони саноати азнавкоркарди пахтаро осон намудан ва комёбиҳои фан ва техникаро дар соҳа ҷорӣ намудан ақлу ҳуш ва шуури мутахассиси ҷавону ҷӯяндаро забт намуд. Ба ҳамин мақсад ба аспирантураи даргоҳи олие, ки худ таҳсил гирифта буд, таҳсилро идома дода, тадқиқоти илмӣ бурд. Ба туфайли ҷустуҷӯйи мунтазам дар муддати 3 сол оид ба мавзӯи «Технологияҳои тозасозии навъҳои пахтаи маҳиннахи мураккаб» кори илмиашро бомуваффақият ҳимоя карда, дар ин раванд ба дараҷаи номзади илм расид.
Дар давоми таҳсил бо баробари дар вазифаи ходими илмӣ кор кардан дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ ва Иттиҳоди Шӯравӣ баҳри такмил додани ҷараёни азнавкоркарди пахта, баланд бардоштани самарадории кори мошин-механизмҳо, ҳамчунин масъалаҳои мубрами беҳсозии шароити меҳнати коргару ходимон даҳҳо мақолаҳо дарҷ намуд ва аҳамияти онҳоро илман асоснок кард. Ба ҳайси мудири лабораторияи трести истеҳсоли пахтаи вилоят, сармуҳандиси дирексияи сохтмон фаъолият намуд. 
Р.Қаландаров ба ҳайси муаллими калон, мудири кафедра, декани факултет кор кард. Соли 1984 ба ӯ унвони дотсентӣ доданд. Устоди ташаббускор ва серғайрат дар матбуоти ҷумҳурӣ ва хориҷӣ зиёда аз 20 мақолаи илмӣ-услубӣ чоп намуд ва қариб 10 дастури методӣ дарҷ кард.
Устод дар як қатор анҷуманҳои ватаниву хориҷӣ дар мавзӯъҳои муҳими саноати пахта маърӯзаҳо хондааст ва барои ҷустуҷӯҳои илмӣ-услубии пурбаракаташ дар соҳа соли 1992 оид ба фанҳои мошинсозӣ ба унвони профессорӣ ноил гардид. 
Устоди садҳо касбу кор, ташкилотчӣ ва тадбиркор баъди ба нафақа баромадан ҳам хонашин нашуд. Дар мавзӯи «Омӯзиши назариявӣ ва экссрименталии таърифу тавсифи байниҳамдигарии технологӣ ва садоафканӣ» рисолаи докторӣ навишт. 
Дарвоқеъ, ҳамаи олиму фузалои ҳар давру замон бо баробари корҳои асосиашон бо кори эҷодӣ низ шуғл варзидаанд. Профессор Қаландаров ҳам солиёни зиёд боз шеър, ҳангомаҳои ҳаҷвӣ ва ҳикояҳо иншо намуда, дар саҳифаҳои матбуот эълон менамояд. 
«Нигоҳ ба само» (1996), «Таърихи Панҷоб ва панҷобиён» (1997), «Асрори дил» (2011), «Инсон ва табиат» (2019), «Устод ва шогирд» (2021 – ҳаммуаллиф) аз ҷумлаи онҳост. Эҷодкори ҷӯянда   фикру мулоҳизаи китобхонҳоро ба инобат гирифта, асари этнографии «Таърихи Панҷоб ва панҷобиён»-ро такмил дода, нашри дуюми онро омода сохта, ба чопхонаи «Сурхон-нашр» супоридааст ва он рӯзҳои наздик ба дасти мухлисон хоҳад расид. Бо Ширкати телевизион ва радиои вилоят ҳамкорӣ намуда, ду телефилм тайёр карда тавассути барномаи «Чашмасор» ба тамошобинон ҳавола сохтааст. 
Бо ташаббуси сарвари давлатамон муҳтарам Ш.Мирзиёев дар шаҳри Тирмиз филиали Донишгоҳи техникии Тошканд кушода шуд ва ин ба Р.Қаландаров айни муддао шуд. Устод ба вазифаи профессори кафедраи фанҳои касбҳои умумӣ муносиб дониста шуд. Аз сентябри соли 2020 бо ғайрату шуҷоат ба донишомӯзон асосҳои фан ва ҷиҳатҳои хоси онро омӯзонида истодааст. Бо мамнуният таъкид месозад, ки дар кошонаи навташкилшудаи илму маърифат кор кард. Гӯё ки ӯро аз нав ҷавон кард. 
Устод ба донишҷӯёни соли дувум ва сеюм аз фанҳои механика, маводи технологӣ, назарияи механизм ва мошинҳо маърӯза мехонад, машғулоти амалӣ мегузаронад. Дар ҷараёни машғулоти назариявӣ ва амалӣ дигаргуниҳои соҳаро ба толибони илм чуқур меомӯзонад, ба ҳалли масъала ва муаммоҳои мавҷуд алоҳида эътибор медиҳад. Хонаи алоҳида, маҷмӯи воситаҳои техникӣ (компютер), ҳамчунин ҷиҳозу асбобу ускунаҳои замонавӣ барои самарадории машғулоти дарсӣ хидмат менамоянд.
Падари бузургвору меҳрубони 7 нафар фарзандони яке аз дигар қобил, бобои хирадманду пиру бадавлати зиёда аз 30 нафар наберагони дӯстрӯ – Рӯзимурод Қаландаров ҳоло 80-умин баҳори зиндагиашро истиқбол менамояд. Ҳар нафаре, ки бо ӯ аз суҳбаташ баҳраманд мешавад, мехоҳад, ки боз бо ӯ бошаду бештар мулоқот намояд. Зеро ӯ якумр дар роҳи илму фан хидмат намуду дар қалби шогирдону одамон нуру зиё бахшид, ба корҳои хайр даст зад. 

Аннақул ШОЙМАРДОНОВ,
вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: