Як гурӯҳ кормандони соҳаҳои гуногуни вилоят профессорони ифтихории Донишгоҳи давлатии Фарғона эълон шуданд.
Онҳо дар ривоҷи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон саҳми калон мегузоранд. Гуфта мешавад, дар ин донишгоҳ устодон дарсҳои назарӣ гузаранд, чунин кормандони пуртаҷриба дар дарсҳои амалӣ ба донишҷӯён дарси малакаву маҳорат меомӯзанд.
– Ҳамаи таҷрибаҳои дар тӯли солҳои зиёд доир ба асалпарварӣ ҳосил намудаамро дар дарсҳои амалӣ ба донишҷӯён мефаҳмонам, малакаву маҳорати онҳоро дар ин ҷода сайқал медиҳам. Асалпарварӣ яке аз ҳафт хазина маҳсуб меёбад ва кони фоида низ ҳаст. Парвариши онро бояд ҷавонони мо омӯзанд, – гуфт ба мухбири «Овози тоҷик» яке аз профессорони нави донишгоҳ Асалбек Муртазобеков.
– Боло бурдани дараҷаи маънавият ва маърифати ҷавонон аз масъалаҳои умдаи рӯз мебошад. Ҷавонони мо бояд дар баробари омӯзиши фанҳои маслакиашон ба фарҳангу адабиёт низ таваҷҷӯҳ кунанд, мероси ғановатманди адибони гузаштаамонро бо диққат омӯзанд. Тавре ки адибон мегӯянд, илму фарҳанг ва маърифат барои бадани инсон ҳамчун сипар хизмат мекунад ва ӯро аз тамоми балоҳо нигаҳ медорад, – мегӯяд сенатор, Шоираи халқии Ӯзбекистон Энахон Сиддиқова, ки низ ба ин унвон мушарраф гаштааст.
Файзулло ИБРОҲИМОВ,
донишҷӯи гурӯҳи тоҷикии
факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Фарғона.