ПСИХОПАТҲО ОДАМОНИ ХАВФНОКАНД

Дар хонаводаҳои самарқандиён дар муддати як моҳи охир ду фоҷиаи мудҳиш рӯй дод.

Дар яке се кӯдак, дар дигар се кӯдак ва як ҷавонзан кушта шуданашон мардумро сахт ошуфта кард. 
Сабабгори ҳар ду куштори даҳшатнок психопатҳо ҳастанд. Агар мардуми мо каме маърифати тиббӣ медошт, ин ҳодиса воқеъ намешуд. Зеро метавонист аз рӯйи нишонаҳои зоҳирӣ ба психопатия дучор шудани шахсро муайян кунад ва он тавр муомила кунад, ки психопатҳо ба ҳолати агрессия дучор шуда, ба касони дигар зарар нарасонанд. Шукри Худо имрӯз дар бораи бемории рӯҳии психопатия маълумот фаровон аст, хоса ба забони русӣ. Афсус, ки мардуми тоҷик аз интернет илми барои зиндагӣ заруриро не, балки бештар сайтҳои шавқовару иғвогарро меҷӯянд. Вақте ки ягон чунин фоҷеае рух дод, боз ҳама психопатҳоро нафрин мекунанд, ягон кас намегӯяд, ки чанд дар сад мардуми олам, новобаста ба сатҳи баланди тарбия, дучор ба ин беморӣ аст ва онро илми тибби муосир наметавонад табобат кунад. Роҳи ягона маърифатнок кардани одамон бо барномаҳои тиббӣ дар расонаҳо, хусусан дар телевизион аст. Аммо сад афсӯс, ки ягон бор суханронии равонпизишконро дар расонаҳо намебинем. Психопатро танҳо касе шинохта ва чораҳои бехатарии худро дида метавонад, ки дар бораи ин беморӣ маълумот дошта бошад. Зеро психопатҳоро аз мардуми солим фарқ кардан хеле душвор аст. Дар психопат танҳо ҳиссиёт ҳаст, инсоф нест. Аммо агар психопат дар кӯдакӣ тарбия ва таълими хуб гирифта бошад, метавонад то ба дараҷаи роҳбарӣ расад. Расонаҳое, ки бо андозҳои мардум фаъолият менамоянд, бояд бештар ба маърифатнокии аҳолӣ хидмат кунанд, на ба манфиати он психопатҳо, ки ба мансабҳои баланд  расидаанд. Агар мо аз ҳар як чунин фоҷиаи мудҳиш хулосаи дуруст бароварда, барои такрор нашуданаш чораҳои муассир наандешем, ин гуна  ҳодисаҳо такрорӣ мешаванд ва дар мо пешрафти назарраси фикрӣ нахоҳад шуд. На танҳо мардуми омӣ, балки сатҳи журналист ва нависандаи тоҷик бар он дараҷае аст, ки дар бораи илми психология тасаввурот надоранд.   
Масъалаҳои маърифати тиббӣ ҷиддитар аз он аст ки бисёр касон фикр мекунанд. Он ба амният ва истиқлоли кишвар низ хатарнок аст. 50 дар сади қотилон аз ин тоифаанд. Сотсиопатҳо якчанд фоиз, зеро онҳо камтарак – ду-се фоиз раҳм доранд. Аз рӯйи маълумотҳои оморӣ психопатҳо як дар сади мардум ҳастанд, яъне дар ҷангҳои дохилӣ ҳаминҳо одамкушӣ мекунад.

Адаш ИСТАД, 
нависанда.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: