ПСКОМ: ВОХӮРИИ СЕ НАСЛ БО ШУКӮҲ ВА ТАНТАНАИ ХОС ГУЗАШТ

  • ПСКОМ: ВОХӮРИИ СЕ НАСЛ БО ШУКӮҲ ВА ТАНТАНАИ ХОС ГУЗАШТ
  • ПСКОМ: ВОХӮРИИ СЕ НАСЛ БО ШУКӮҲ ВА ТАНТАНАИ ХОС ГУЗАШТ

Барои ҳамин 24 апрел варзишгоҳи мактаби таълимоти умумии рақами 45 намуди идона касб карда буд.

 Дар ин чорабинии доманфарох, ғайр аз сокинони маҳаллӣ, инчунин аз шаҳри Тошканд ва  шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ, корпусҳои дипломатӣ низ меҳмонон иштирок карданд.
Роҳбари сектори чорум Зарифҷон Зокиров зимни ифтитоҳи маросими расмии ин чорабинӣ гуфт, ки ба шарофати касби истиқлолияти Ватани маҳбуб деҳаи дурдасти Пском сол аз сол ободу зебо мегардад.
– Сарвари давлат Шавкат Мирзиёев ҳамеша баланд бардоштани қадру қимати инсонро дар меҳвар қарор додааст. Ин ҷумлаҳои ӯ ба гуфтаҳои мо далеланд: «Инсон воситае нест, ки давлат ва ҷамъият ба воситаи он ба ҳадафҳои худ расад, баръакс, инсон мазмун ва моҳият ва манбаи қадриятҳои аз ҳама олӣ бояд қарор гирад». Дар кишварамон сол аз сол қадри инсон баланд мегардад. Дар чаҳор-панҷ соли охир Пском ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфтааст ва ин раванд босуръат давом дорад. Мардумаш, ки асрҳо ба боғу чорвопарварӣ ва кишти зироат машғуланд, аз ҳисоби меҳнати босамар даромади хуб ба даст меоранд ва ҳаёташон сол аз сол фаровон мегардад. Дар ин замина Пскомро аз деҳаҳое арзёбӣ метавон кард, ки дастурхони мардуми вилоят ва берун аз онро бо меваҳои ширин, сабзавот ва намудҳои гуногуни асал таъмин мекунад, – зикр намуд Зарифҷон Зокиров. – Тайи панҷсолаи охир барои тамошои деҳаи Пском ва манзараҳои аҷоиби он аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ, инчунин аз кишварҳои хориҷӣ сайёҳон омада, меҳмон мешаванд, аз ҳавои софу беғубори он нафас мекашанд, аз меҳмоннавозии мардуми он ба ваҷд меоянд, аз ширу ҷурғоташон нӯши ҷон мекунанд ва мафтуну лол монда ин макони хушманзараро тарк мекунанд.
Собиқадори меҳнат Қуронбой Файзиев ба сухан баромад, таваҷҷуҳи иштирокчиёни чорабиниро бештар ба он тамаркуз дод, ки Пском зодгоҳи шахсиятҳои маъруф ва шинохта мебошад. 
– Ин чорабинӣ боис гардид, ки ба дидори шогирдони зиёди худ расем ва гирди як хони пурнеъмату идона нишаста суҳбат кунем. Аз деҳаи Пскоми мо як идда олимону фозилон, чеҳраҳои фарҳангӣ, кормандони идораву муассисаҳои гуногуни таълимӣ, фаннӣ ва истеҳсолӣ  баромадаанд. Номзади илми риёзиёт Ҳакимҷон Иномҷонов ва номзади илми таърих Холмат Самадов аз зумраи онҳостанд. Инчунин, Тӯлабой Абдуваҳҳобов чандин сол идораи экологияро роҳбарӣ намудааст, ки ифтихори моро меафзояд, – изҳор намуд Қуронбой Файзиев.
Ба таъкиди вай дар мактабе, ки  фарзандони мардум даҳсолаҳо инҷониб ба забони модарӣ сабақ мегиранд, 20 нафар муаллимони фанҳои гуногун ба 120 нафар шогирдони худ сабақ медиҳанд. Дар айни ҳол як гурӯҳ шогирдони онҳо баъд аз хатми мактаб ба донишгоҳҳои гуногуни шаҳрҳои Тошканд, Чирчиқ, Самарқанд ва амсоли он дохил шудаанд.
– Соли 1972 ман Донишгоҳи давлатии Самарқандро хатм намудам ва фаъолиятамро маҳз дар мактаби деҳаи Пском оғоз кардам. Барои ҳамин ин макону манзил ва мардуми меҳмоннавози онро хеле азизу мукаррам медонам. Беш аз ним аср шудааст, ки ҳар сол яку ду бор ба ин деҳаи хушманзар меоям. Дар ин ҷо суҳбату мулоқотҳо баргузор мешаванд, аз давраҳои ҷавонӣ ёд мекунем, канори ҳам ҷамъ шуда, шеърхониҳо мекунем, – гуфт шоир ва журналисти самарқандӣ Нормурод Каримзода.
Вай боз тазаккур дод, ки деҳаи Пском ҳамчун манбаи илҳоми вай боқӣ мондааст. Ҳамин аст, ки дар тӯли фаъолияти худ чанд китобашро маҳз ба Пском ва пскомиҳо бахшидааст. Баъд ба самъи иштирокчиёни чорабинӣ ин шеъри худро қироат кард:
Пскоми азиз, меҳри ту 
дар синаи ман,
Авсофи ту шавқу шуғли 
деринаи ман.
Дунёи ҷавонӣ то ҳанӯз 
ҷилвагар аст,
Бо шебу фарози худ дар 
ойинаи ман.
Аз ишқи чу чашмаҳо
 хурӯшони диёр,
Дар ҷӯш бувад ин дили 
бекинаи ман.
Парвона шавам ба 
шамъи ёдат шабу рӯз,
То кам нашавад маводи 
ганҷинаи ман.
Эй кош, мабод ғуссаи 
ҳаҷр фузун,
Гул-гул шукуфад висоли 
поринаи ман.
Омад хабар аз ҷаҳони 
имкони ҳузур,
Бигзашт азоби дурии 
динаи ман,
Эй халқи ҷаҳондидаи 
Пскомзамин,
Ин шеъри тар армуғони 
пешинаи ман!
– Мо то расидан ба ин ҷо ҳаргиз гумон намекардем, ки деҳаи Пском ба ин дараҷа табиати зеборо дар худ гунҷонидааст. Аллакай дар суҳбатҳои сарироҳӣ дарк намудам, ки мардуми ин деҳаи дурдаст, вале зебоманзар ба забону фарҳанги ниёкони худ арҷи зиёд мегузоранд ва дар боби рушду такомули он низ талошҳои зиёд ба харҷ медиҳанд. 
Дар арафаи баргузории референдум ширкати мо дар чунин маҳфили доманфарох боиси ифтихор аст. Аз ҳарфу гуфторҳои ҳар кадоми шумо бармеояд, ки ин Ватани азизи худро дӯст медоред, аз сиёсати сарвари давлати худ розиву онро дастгирӣ мекунед, марду зани кору рӯзгордидаи Пском барои ҷавонон ҳамеша роҳнамо ҳастед, – гуфт зимни суханронӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода.
Вай афзуд, ки ба ин чорабинии пскомиён бо дастони холӣ наомадааст ва дар ин рӯзҳои фараҳбахш ба ҷамоаи омӯзгорони мактаби рақами 45 ва шогирдони он 100 нусха китоб армуғон мекунад. Ба таъкиди А. Раҳмонзода ҳамроҳи вай ду нафар устодони Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия низ омадаанд, ки дар ин рӯзи хушоянд мардуми Пскомро табрику шодбош гӯянд.
Маълум шуд, ки профессори ин донишгоҳи бонуфуз Холмаҳмад Холов бо мактаби таълимоти ҳамагонии рақами 45 минбаъд ҳамкорӣ ба роҳ монданист. Гуфта шуд, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия омодааст дар оянда шогирдони ин мактабро бо гранти давлатӣ ба таҳсил фаро хоҳад гирад. 
– Мо, ҷавонони пскомиро ин дидору мулоқоти бошукӯҳ ба ваҷд овард. Ба ҳайси зодаи ин деҳаи аз маркази вилоят ва ноҳия басо дур итминон ҳосил намудам, ки ҳамеша дар маркази эътибори сарвари давлат ва ҳукумати мамлакат қарор дорем. Шароити созгор фароҳам оварда мешавад, ки мо баъди хатми мактаб таҳсилро дар донишгоҳҳову донишкадаҳо давом диҳем, соҳибкорони хуб шуда ба воя расем, барои ин халқу ин Ватан беш аз пеш хидмат намоем, – гуфт корманди шуъбаи обуҳавосанҷии шаҳри Чирчиқ Иброҳим Туроббоев.  
Дар чорабинӣ шоира, устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд Дилшода Ҳазратқулова, барандаи барномаи «Рангинкамон»-и шабакаи телевизиони  «Ӯзбекистон», Корманди шоистаи фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шарофат Эрматова, раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Тошканд Саврон Мирзоев, мудири хоҷагии ҷангалпарварии Бурҷимулло Абдукарим Абдуҷамилов, таърихнигор Турдибой Эсанбоев ва  як гурӯҳ олимону соҳибкорон низ ба сухан баромада, аз мардуми меҳмоннавози Пском  сипосгузорӣ карданд. 
– Маркази миллии мо ба наздикӣ аз рӯйхат гузашт ва мақоми ҳуқуқӣ пайдо намуд. Минбаъд маркази мо нисбати мардуми Пском ҳаргиз бетафовут нахоҳад буд ва маҳфилҳои гуногуни фарҳангиву адабӣ баргузор хоҳад кард. Гузашта аз ин, мо низ бо якчанд бастаи китобҳо ба назди шумо омадем, ки бо ибтикор ва мусоидати Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ ба нашр расидаанд. Дар байни ин китобҳо романи «Фирдавсӣ»-и Сотим Улуғзода, «Чароғи абадӣ»-и Мирзо Турсунзода, «Ман намемирам»-и Лоиқ, «Шабогард»-и Паймон ва ғайра ба сифати армуғон ба китобхонаи мактаби деҳа супурда мешаванд, – изҳор намуд Саврон Мирзоев.
Ин тадбирро Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Маҳмуд Намозов, овозхонҳои хушсалиқа Алиҷон Узоқов, Шуҳрат Усмонов ва дигарон шукӯҳи тоза бахшиданд. 
Дар охири чорабинӣ пирони хирадманди деҳаи Пском ваъда доданд, ки дастаҷамъона ба назди қуттиҳои овоздиҳии референдум ҳозир мешаванд ва қарзи шаҳрвандии худро сарбаландона иҷро мекунанд.
Ногуфта намонад, ки тибқи қарори Президенти Ӯзбекистон аз 2 майи соли 2017 «Дар бораи Барномаи тадбирҳо оид ба рушди минбаъдаи гидроэнергетика дар солҳои 2017-2021» дар дарёи Пском 5 неругоҳи барқи обӣ бо иқтидори умумии 1 ҳазору 320 мегаватт ва истеҳсоли миёнаи солона 3 ҳазору 140 миллион киловатт-соат бунёд мегарданд, ки дарозии он дар маҷмӯъ 73 километрро ташкил мекунад. Яке аз ин сохтмонҳои неругоҳи барқи обӣ маҳз «НБО Пском» мебошад. Он аз калонтарин иншоотҳои барқи обӣ муаррифӣ хоҳад шуд, ки дар 120 километр шимолу шарқи Тошканд, 45 километр болотар аз обанбори Чорбоғ воқеъ гаштааст.
Иқтидори барқи он 400 МВт мебошад. Аз ҷиҳати ҳаҷм пас аз «НБО-и Чорбоғ» ҷои дуюмро ишғол мекунад. Инчунин неругоҳҳои барқи обӣ дар як сол 950 миллион киловатт соат қувваи барқ истеҳсол мекунанд ва ба манбаи матлубтарини неруи барқ табдил меёбанд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: