ПСКОМИ АЗИЗ, МЕҲРИ ТУ ДАР СИНАИ МОСТ!

Роҳбаладии ин сафари моро ба деҳаи Пскоми ноҳияи Бӯстонлиқ корманди ҳокимияти шаҳри Тошканд, зодаи деҳаи Пскоми ноҳияи Бӯстонлиқ, докторанти Донишгоҳи давлатии Самарқанд Ситора Раҳмонбердиева бар дӯш дошт.

Вақте ки таксӣ моро ба шаҳри Чирчиқ расонд, Ситора гуфт, ки масофаи боқимондаи роҳро тавассути мошини дигар тай хоҳем кард. Ин лаҳза мошини сафеди «Кобалт» ғиррӣ карда омаду назди мо қарор гирифт.
– Ана ҳамин мошин моро ба Пском бурда меорад, – гуфт Ситора. 
Маълум шуд, ки ронандаи он – Иброҳимҷон Туроббоев низ зодаи ҳамин деҳа  мебошад ва ҳоло дар идораи обуҳавосанҷии шаҳри Чирчиқ муҳандис аст. 
Иброҳимҷон  ҷавони хубу дидадаро ва чақ-чақӣ будааст. 
– Кадрҳои зиёди пскомӣ дар шаҳри Чирчиқ ва маркази ноҳияи Бӯстонлиқ– шаҳри Ғазалкент сукунат ихтиёр кардаву машғули корҳои гуногун мебошанд. Имрӯз бо теъдоди зиёдашон дар варзишгоҳи мактаби деҳаамон шинос хоҳед шуд. Онҳо дар маросими «Вохӯрии се насл» ширкат мекунанд, – чашм аз роҳ наканда гуфт Иброҳимҷон Туроббоев.
Вақте ки Ситора дар оғози сафарамон гуфт, ки масофаи байни Чирчиқ – Пскомро дар муддати дуним-се соат тай хоҳем кард, ман чандон мутаваҷҷеҳи ин ҳарфҳои вай нашудам. Гумон кардам, ки вай дар омади гап инро гуфт.
Баъд ба дарки ин гуфтаҳои Ситора рафтам. Баъди тай кардани як миқдор масофа дар самти чапи дарё деҳаҳои тоҷикнишини Бурҷимулло, Боғистон ва Нанай ба чашм расид. Аммо мошини мо ба он тараф тоб нахӯрд ва ҳаракаташро рӯ ба рӯ давом дод. 
– Аз ҳамин минтақаи роҳ сафари мо ба тарафи деҳаи Пском оғоз меёбад ва тақрибан боз 40 километр роҳ тай мекунем,– гуфт ронанда.
Вақте ки роҳи мумфаршшуда хатм шуд ва аз пеш роҳи ноҳамвор баромад, Иброҳимҷон дарҳол суръати мошинро суст кард ва эҳтиёткорона мошин меронд. Роҳ аз пастиву баландиҳо ва ноҳамвориҳои зиёд иборат буд ва имкон намедод, ки вай суръати мошинро аз 15-20 км/соат изофа намояд. Дар баъзе ҷойҳо ин суръат боз ҳам паст мефаромад ва чуқуриҳои зиёди роҳ оҳиста паси сар мемонд. 
– Ин ҷойҳо аз сатҳи баҳр дар бештар аз ҳазор метр баландӣ воқеъ гаштааст. Аммо деҳаи Пском боз ҳам баландтар – дар баландии 1 ҳазору 200 метр мавқеъ гирифтааст,– гуфт Ситора. 
Номи ду деҳае, ки то расидан ба Пском аз пеш баромад, деҳаҳои тоҷикнишини Полвонак ва Қурдуптур, ду деҳаи дигар – Тепар ва Такаянғоқ аз деҳаҳои қирғиз ва қазоқнишин будаанд.  
– Ғайр аз Пском дар он тарафи дарё боз як деҳа – Испай воқеъ гаштааст, ки сокинонаш пурра мардуми тоҷиктабор мебошанд, – афзуд роҳбалади мо. 
Аввалин ҳавлӣ дар деҳаи Пском, ки соҳибонаш моро бо эҳтиром ва меҳмоннавозии хос истиқбол намуданд, ба шифокор Абдуғанӣ Туроббоев тааллуқ доштааст. Ронандаамон– Иброҳимҷон яке аз писарони ҳамин хонавода будааст. Барои ҳамин бо қатъияти том гуфт, ки аввал андак кӯфти роҳро мебарорем ва баъди меҳмонӣ ба маросим меравем. 
Ҳавлӣ пур аз меҳмонони дигар низ буд. Ба гуфтаи Иброҳимҷон онҳо хешу табори падару модари  ӯянд, ки барои иштирок дар маросими «Вохӯрии се насл» аз шаҳрҳои Ғазалкент ва  Чирчиқ ташриф овардаанд. 
Кадбонуи хона – апаи Насиба дасторхони пурнозу неъмат густурда буд. Дар ҳавлӣ ду нафар – Парохат Тӯроббоева ва Зӯҳро Сулаймонова аз танӯр нонҳои калон-калони гарм канда, рӯи сабад мегузоштанд. Бӯйи нон тамоми гирду атрофи ҳавлиро фаро гирифта буд. Диққати маро косаҳои калони рӯи дасторхон ҷалб намуд. Гумон кардам, ки мизбонҳо барои меҳмонон мураббо ё шарбат гузоштаанд, аммо ҳамаи косаҳоро бо асали тозаи кӯҳистон пур карда будаанд! 
Ростӣ, дар минтақаҳои зиёди кишвар меҳмон шудаам, вале дар ҷое надидам, ки асалро дар косаҳои калон рӯи хон гузоранд. Дар ҳама ҷо асалро назди меҳмон дар пиёлачаҳои хурдакак мегузоштанд. Агар кас як бор нонашро ғӯта занонад, пиёла холӣ мешавад. 
– Ин асали деҳқонӣ, меҳмони азиз, гиреду нӯши ҷон кунед. Аз ин асал дар мо хеле зиёд аст, – мисле ки ҳайрати маро пай бурда бошад, гуфт апаи Насиба. 
Баъд яке аз нонҳои калонро, ки навакак аз танӯр канда оварда буд, пора карда пеши мо гузошт. Сонӣ ҳамаро ба тановули неъматҳои рӯи хон даъват кард.
Сардори ин хонавода– Абдуғанӣ Туроббоев 35 соли дароз ба шифокорӣ машғул шудааст ва дар ин муддат ба мардуми деҳаи Пском, инчунин деҳаҳои Полвонак, Қурдуптур, Тепар ва Такаянғоқ хидмат кардааст. Вай гуфт, ки нафақахӯр мебошад, вале беморони зиёд дар зарурат ба вай муроҷиат мекунанд ва қадри имкон ба дарди онҳо марҳам мебахшад.
Вақти суҳбат бо Абдуғанӣ Туроббоев дарёфтам, ки хеле одами фурӯтану хоксор ва ба касби худ вафодор мебошад. Дар бештар аз ним соате, ки меҳмони хонаводаи вай будам, чанд бор телефонаш занг зад ва аз он сӯи гӯшак мепурсиданд, ки ин ё он доруро кай истеъмол намоянд, барои паст кардани фишори хун аз кадом дору истифода бояд кард. 
– Касе ҳаргиз беҳуда маро ташвиш намедиҳад. Инҳо беморонеанд, ки дар деҳаҳои гуногуни ин минтақа ба сар мебаранд ва ҳамеша таҳти назорати ман қарор доранд. То ин ҷойҳои мо ҳоло мошини «Ёрии таъҷилӣ» омада нарасидааст. Аксари беморон дар бунгоҳи тиббии деҳа муолиҷа мегиранд. Хушбахтона, ба далели тозагии ҳаво ва истеъмоли гиёҳҳои гуногуни кӯҳӣ, инчунин сероб будани ширу ҷурғот мардуми мо чандон ба беморӣ мубтало намешаванд. Агар кадоме ба хидмати пизишкони махсус ниёз пайдо кунад, худро ба маркази ноҳия ё шаҳри Тошканд мерасонад, – иброз дошт ҳамсуҳбати мо. 
– Дар деҳа шифокори соҳиби маълумоти олӣ низ ҳаст, ки ба дарди мардум дармон бахшад?
– Дар айни ҳол ин кор ба зиммаи худи ман ва боз як нафари дигар вогузорӣ шудааст. Қаблан Исмоил Холмуродов ном ҳамдеҳаамон Донишкадаи тиббии Тошкандро хатм карда, ба деҳа баргашт ва чанд муддат дар бунгоҳи тиббӣ машғули кор шуд. Аммо баъд ба маркази ноҳия кӯчид ва дар шифохонаи марказӣ кор кард. Исмоил урологи хуби ноҳияи мо маҳсуб меёбад. 
– Роҳи байни Пском ва маркази ноҳия хеле хароб аст. Ҳоли беморе, ки тавассути ин роҳ ба маркази ноҳия интиқол меёбад, чӣ хоҳад шуд?
– Ин саволест, ки ҳамеша моро ба ташвиш меорад. Ҳаракати мошинҳо аз роҳе, ки Пскомро бо рустоҳои дигар ва маркази ноҳия мепайвандад, барои одами солим низ мушкил ва хатарбор аст. Ҷони он бемор ба лаб хоҳад омад, аммо чораи дигар вуҷуд надорад, – гуфт Абдуғанӣ Туроббоев бо таассуф.
– Чаро ин роҳ тармим намешавад? Оё ягон роҳи дигар вуҷуд дорад, ки мардум тавассути он равуо кунанд?
– На, ҳамин ягона роҳи мардуми мост. Дар деҳаҳои минтақаи кӯҳистон боришот зиёд аст. Дар фасли баҳор аз баландиҳо зуд-зуд селобаҳо фаромада, баъзе қисматҳои роҳро вайрон мекунад. Гузашта аз ин, дар дарёи Пском неругоҳи  барқи обӣ бунёд мегардад. Агар роҳи мо мумфаршу ҳамвор карда шавад, мошинҳои интиқолдиҳандаи бору колоҳои вазнини сохтумонӣ дубора ин роҳро хароб мекунанд. Вақте ки кори сохтмони НБО-и болои рӯдхонаи Пском ба итмом расид, умед мекунем, ки роҳи моро ҳатман ҳамвор хоҳанд кард, – бо ҳамон фурӯтании ба худ хос тавзеҳ дод А.Туроббоев. 
Дар ҷараёни сафар бо директори мактаби рақами 45 Бахтиёр Азиметов, собиқадорони меҳнат Қуронбой Файзиев, Норинбой Абдуллоев, Юсуфбой Раҳмонбердиев, Тӯлабой Абдуваҳҳобов ҳамсуҳбат шудем. Ҳамаи онҳо ифтихор мекарданд, ки дар ҳар ҷабҳа барои пешрафти деҳаашон саҳмгузоранд. 
Идомаи дидору мулоқот дар ҳавлии Сироҷиддин Эсанбоев сурат гирифт. Дар ин давра Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон  Абдуҷаббор Раҳмонзода низ ҳузур дошт. 
Пазироии гарми меҳмонон аз тарафи арӯси хонаводаи Эсанбоевҳо –  Мунисаи панҷ панҷааш ҳунар хеле ғайримунтазир  гардид. Вай хӯроки лаззатбахш – қурутоби пскомиро тақдим намуд, ки равғани зарди рӯи косаҳо дар шӯълаи офтоб ялтос мезад ва иштиҳои касро бедор менамуд.  
Дарвоқеъ, Сироҷиддин Эсанбоев соли 1996 шӯъбаи ғоибонаи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқандро хатм кардааст. Баъди даҳ соли фаъолият дар мактаби рақами 45-и деҳа чун омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик фаъолияташро идома додааст. 
– Дар айни ҳол ба соҳибкорӣ рӯй овардаам. Дар як гектар боғ бунёд карда, ба асалпарварӣ низ машғул ҳастам. Дар ин фарозиҳо гову гӯсфанд низ парвариш мекунем. Аъзои ҳар як хонавода аз роҳи меҳнати ҳалолу бобаракот ҳам худ ва ҳам мардуми шаҳру ноҳияро бо  ширу ҷурғот, меваву сабзавот, асали хуштаъм ва амсоли он таъмин мекунанд, – мегӯяд бо ифтихор Сироҷиддин Эсанбоев.
Бо вуҷуди нафаси гарми ҳаво аз чаҳор тарафи кате, ки барои меҳмонон байни дарахтони себу гелоси рӯи ҳавлӣ гузошта буданд, ҳавои нафис мечархид ва ба ҷисму ҷон роҳат мебахшид. Вақте рӯз ба тарафи шом майл мекард, моро лозим омад, ки савори мошинҳо роҳи тӯлониро тай кунем. Бо вуҷуди ин ҳеч кадоме аз меҳмонон намехост, ки домани чунин табиати зебову фараҳбахш ва канори одамони меҳмондӯсту меҳмоннавози Пскомро тарк кунад... 
Ин раҳоварди сафарро бо як байти устод Нормурод Каримзода ҳусни иктифо мебахшам:
Пском, аҷаб деҳаи хушманзарӣ ту,
Ҷойгоҳи азизону адабпарварӣ ту!

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: