ПУЛИ НАВ БА ИСТИФОДА СУПУРДА ШУД

Дар ниҳояти соли 2021 барои сокинони ду ҷамоати шаҳрвандони деҳаи Шарқобод мушкилоти равуо ба маркази ноҳияи Сӯх аз байн рафт.

Дар ниҳояти соли 2021 барои сокинони ду ҷамоати шаҳрвандони деҳаи Шарқобод мушкилоти равуо ба маркази ноҳияи Сӯх аз байн рафт. Ба ивази 5 миллиарду 170 миллион сӯм кӯпруки кӯҳнаи болои дарёи Сӯх аз нав таъмиру таҷдид карда шуд. 
Ҳоло дар ҷойи пули кӯҳнаи ларзон ва фартут пули нави мустаҳкаму замонавӣ ва аз ҳар нигоҳ бехавфу хатар дар ихтиёри равуокунандагон гузошта шудааст. Дар маросими кушодашавии кӯпрук ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров, роҳбарони секторҳо ва як гурӯҳ сокинони деҳаи Шарқобод ширкат карданд. 
Ҳувайдо буд, ки хурсандиву нишоти бошандагони деҳаи Шарқободро ҳадду канор нест. Зеро, муддати дароз инҷониб онҳо аз болои пуле ба ин ё он самти дарё мегузаштанд, ки ҳангоми обхезиҳо осеби сахт дидаву рӯ ба вайронӣ оварда буд. Баъзан гузаштан аз болои он ҷонро ба хатар мегузошт.   
– Масъалаи тармими ин пули замонавӣ яке аз масъалаҳои мубрами мо маҳсуб меёфт. Ахиран ҳокими вилоят дастур дод, ки барои таъмири он ҷиддан иқдом сурат гирад. Аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ва маблағҳои иловагӣ ин пул куллан таҷдид карда шуд, – мегӯяд бо хушҳолӣ сокини кӯҳансоли деҳа Азимбек Атоев.
Ҳамин тавр, ин пули навро мардуми деҳа ҳамчун туҳфаи солинавии давлат ва ҳукумат пазируфтанд. 

Файзулло ИБРОҲИМОВ,
мухбири ҷамоатии “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: