Ҳоло аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз гардида, корҳои тафтишотӣ гузаронида шуд ва бо ҳукми суд нисбати ҷинояткорон ҷазо таъин гардид.
Дар ин бора прократураи генералӣ хабар дод.
Мақомоти прократура дар робита ба иҷрои қонунҳое, ки ба рушди варзиш нигаронида шудаанд, чорабиниҳои сохтории назоратӣ мегузаронанд. Дар рафти чорабиниҳои назоратӣ, маълум гардид, ки директори иҷроияи федерацияи баскетбол Ю. С. бо мудири корҳои федерацяи мазкур, С. И. забон як намуда, ба номи модар ва бародари С.И., МЧЖ-и "S.A.G." таъсис доданд. Баъд бо баҳонаи гирифтани 2-то таҷҳизоти махсус, ки барои назорати саломатии варзишгарон, нигаронида шудааст, аз федератсия 197 млн. сӯм маблағро толону тороҷ кардаанд.
Инчунин, аз картаи пластикии коорпоративии президенти федерация Х.Г.162 млн. сӯмро ба таври ноқонунӣ барои эҳтиёҷоти шахсии худ ғорат намудаанд.
Илова бар ин, мансабдорони номбурда барои ҷалби сарпарастон ба федератсия шартномаи қалбакӣ баста, 130 млн. сӯм маблағро барои эҳтиёҷоти худ сарф кардаанд.