ПУНКТҲОИ ТИББИИ МАҲАЛЛАҲОИ ДУРДАСТ

Маълум аст, ки 18 марти соли равон таҳти унвони «Ислоҳоти тиббӣ баҳри гиромидошти инсон» мулоқоти Президент бо кормандони соҳаи тиб ба амал омада буд.

Бо мақсади таъмини иҷрои вазифаҳои пешистода 25 апрели соли ҷорӣ қарори Президент «Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ оид ба наздик кардани ёрии аввалини тиббӣ-санитарӣ ба аҳолӣ ва зиёд кардани самаранокии хидматҳои тиббӣ» қабул гардид. Беҳтар намудани самти ёрии аввалини тиббию санитарӣ ба аҳолӣ, дастгирӣ намудани кормандони соҳа ва афзун гардондани самаранокии кори онҳо мақсади асосии ин қарор буда, дар давоми сол дар  пунктҳои дурдасти аҳолинишин ташкил намудани бунгоҳҳои тиббӣ дар назар дошта шудааст.
Аз 1 майи соли ҷорӣ дар пунктҳои тиббии маҳалла мувофиқи тартиби тасдиқнамудаи Вазорати ҳифзи тандурустӣ аҳолӣ аз назорати тиббӣ гузаронида шуда, барномаҳои скринингӣ ва хидмати патронажӣ барин тадбирҳо ба роҳ монда мешавад. Бинобар қарори номбурда ба духтурони бунгоҳҳо ва поликлиникаҳои тиббии оилавии ҳудудҳои дур ба ғайр аз маош ҳар моҳ ба андозаи 2 миллионсӯмӣ музди иловагӣ дода мешавад. Инчунин, ба онҳо дар асоси ипотека барои хариди манзил имтиёз дода шудааст. Ҳамин тариқ, мӯҳлати амалкунии беморхонаҳои рӯзонаи бунгоҳу поликлиникаҳои оилавию марказӣ низ аз соати 8:00 пагоҳӣ то 20:00 бегоҳӣ дароз карда шуд. Ба ғайр аз ин дар асоси рейтинг — маҳдудшавии як тоифа маризиҳо дар ҳудуд  дар натиҷаи корҳои профилактикӣ шифокорон ҳавасманд гардонда мешаванд. Ба ғайр аз шаҳрҳои Бухорою Когон дар ҳамаи ноҳияҳои вилоят чораю тадбирҳои созмон додани 120 пункти тиббии маҳаллаҳо бо намудҳои контейнерҳои махсус ва мувофиқгардондашуда сурат мегиранд. Ин ҷараён, аллакай дар 60 нуқтаи аҳолинишин  татбиқ мегардад. Сокинони маҳаллаи «Самосӣ»-и ноҳияи Рометан, деҳаҳои Боғи Мусо ва Малишояки ноҳияи Пешкӯ, Чуқураки Поёни ноҳияи Шофиркон, ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Ниёзхӯҷа»-и ноҳияи Вобканд, хуллас ҳазорҳо ҳамдиёронамон, ки дар гӯшаҳои дурдаст умр ба сар мебаранд, ба имкониятҳои қулайи муолиҷагирӣ ва як андоза имтиёзҳо соҳиб шуданд.

Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик»
 дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: