ПУРРА САФАРБАР НАМУДАНИ ИМКОНОТИ МАВҶУДА БАРОИ ТАЪМИНИ ДАРОМАД БА БУҶАИ МАҲАЛЛӢ ВА СУБОТНОКИИ НАРХ – ВАЗИФАИ МУҲИМ

Зери раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 5 июн ҷамъомади видеоселекторӣ бахшида ба масъалаҳои афзудани даромад ба буҷаи маҳаллӣ ва таъмини суботнокии нарх бо роҳи афзудани истеҳсоли маҳсулот, пурзӯр намудани масъулияти шахсии роҳбарони мақомоти ҳокимияти иҷроия, идораҳои андоз ва молия дар маҳалҳо барои бартарафсозии инфлятсия баргузор гардид.

Дар ҷамъомад Сарвазир ва муовинони ӯ, роҳбарони вазорат ва идораҳо, ширкат, иттиҳодияҳои хоҷагидорӣ ва бонкҳо, аз тариқи видеоконференсия раиси Жокорги Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошканд иштирок намуданд.
Бино бар ба амал татбиқ гардидани Стратегияи ҳаракат дар мамлакатамон, ислоҳоти муттасил дар заминаи васеъ намудани домани такомулот ва диверсификатсияи иқтисодиёт, коҳиши номутаносибии ҳолати иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳо аз ҳисоби тараққиёти босуръати ноҳия ва шаҳрҳои ақибмонда ба амал татбиқ мегардад. Ҳамин тариқ, ташкили корхонаҳои нави саноатӣ ва минтақаҳои хурди саноатӣ, ҷалби маблағи иттиҳодияҳои бузурги хоҷагидорӣ, кредитҳои бонк ва сармояҳои хориҷӣ омили муҳими афзоиши қисми воридотии буҷаҳои маҳаллии шаҳр ва ноҳияҳое, ки аз субвенсия вобастаанд, рушди ҷанбаҳои истеҳсолӣ омили муҳим ба шумор мераванд.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чорабиниҳо оид ба васеъ намудани ваколати мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо дар ташаккул додани буҷаҳои  маҳаллӣ» аз 7 июни соли 2017 ба барқарор  таъмин намудани молиявии барномаҳои рушди маҷмӯии ҳудудҳо, дар ин поя баланд бардоштани даромади воқеӣ, дараҷа ва сифати ҳаёти аҳолӣ мусоидат менамояд.
Дар ҷамъомад аз ҳар ҷиҳат, дар рӯҳи танқид ҳолати ҷории кор дар бобати афзудани даромади иловагӣ ба буҷа ва таъмини суботноки дараҷаи инфлятсия таҳлил гардида, вазифаҳои муҳим дар ин самт муайян карда шуданд.
Зимни сафари Президенти мамлакат ба минтақаҳо чораҳои таъмини даромади иловагии андоз ба буҷа дар ҳаҷми 5,3 триллион сӯм, ё худ ба 12 фоиз бештар нисбат ба пешгӯишуда аз ҳисоби ба кор андохтани захира ва имконоти мавҷудаи маҳалҳо муайян гардида буданд. Дар натиҷа дар панҷ моҳи гузаштаи соли ҷорӣ рақами аз муайянгардида бештар ба ҳаҷми 2,7 триллион сӯм ба даст омад, ки нисбат ба пешгӯишуда 16 фоиз зиёд аст.
Ҳамзамон таҳлил нишон медиҳад, ки ҳокимиятҳои маҳаллӣ, мақомоти молияву андоз захираҳоро барои даромади иловагии андоз ба буҷа ба таври пурра истифода намебаранд.
Он нукта аз ин хеле равшан гувоҳӣ медиҳад, ки дар панҷ моҳи гузаштаи соли ҷорӣ 60 фоизи андоз, мисли пештара, аз 171 корхонаи калон ворид гаштааст.
Ба тариқи мисол, дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон 50 фоизи тамоми даромади андозро корхонаҳои «ӮзКоргаз» ва «Устюртгаз», дар вилояти Навоӣ 75 фоизи андоз аз Комбинати маъдану металлургии Навоӣ ворид гаштааст.
Дар маҷлис кори комилан ғайриқаноатбахши шаҳри Тошканд ва вилояти Намангон дар ин самт зери танқиди ҷиддӣ гирифта шуд.
Ба тариқи мисол, таҳлили даромад аз тиҷорати бозор ифшо намуд, ки ин нишондод дар ноҳияи Олмазор ба 30 фоиз, дар ноҳияи Сергелӣ 7 фоиз, дар ноҳияи Яккасарой 4 фоиз, дар ноҳияи Юнусободи шаҳри Тошканд ба 3 фоиз ихтисор гаштааст. Дар маҷлис махсус таъкид ёфт, ки чунин вазъи ғайриқаноатбахш дар дигар ноҳияҳо низ ба назар мерасад.
Назорати кофӣ аз болои даромад аз истгоҳи автомобилӣ вуҷуд надорад. Дар натиҷаи ин буҷаҳои маҳаллӣ 18 миллиард сӯм кам ворид менамоянд.
Дар ноҳияҳои Норин ва Намангони вилояти Намангон дар панҷ моҳи гузашта миқдори андоз аз корхонаҳои савдо ва хӯроки умумӣ кам гаштааст.
Ҳисоботи андоз дар вилоят ба таври дақиқ таҳлил нагашта, чорабиниҳои дахлдор андешида нашудааст, дар натиҷа қариб ба 20 миллиард сӯм андоз ситонда нашудааст.
Мутолиа ва ҳисобу китоб нишон дод, ки чунин захираҳои корбурднашуда дар тамоми минтақаҳо вуҷуд дошта, умуман имконоти дар соли ҷорӣ ба ҳаҷми 8,1 триллион сӯм бештар аз пешгӯишуда ворид намудани андози иловагӣ вуҷуд дорад ва расондани ҳаҷми умумии андозро ба буҷа то 50,2 триллион сӯм расондан мумкин.
Дар ҷамъомад ба вазорат ва идораҳои масъул супоришҳои мушаххас доир ба зуд бартараф намудани камбудиҳои дар соҳа роҳёфта, дар муддати ду ҳафта таъмин намудани даромади андози иловагӣ ба миқдори 8,1 триллион сӯм дода шуда, вазифадор карда шуданд, ки ҷадвали ҳаррӯза ва нақшаи чорабиниҳои мушаххас аз рӯи ҳар як минтақа ва ноҳия таҳия ва тасдиқ гардад. Инчунин ногузирии ташкил ва роҳандозии фаъолияти босамари штабҳо доир ба ҷалб намудани даромади иловагӣ ба буҷа дар ҳар як вилоят, шаҳр, ноҳия таъкид гардид.
Дар маҷлис зикр шуд, ки таъмини даромади 772 миллиард сӯм ба буҷа аз ҳисоби ситондани маҷбурии қарз, татбиқи ба мулки давлат табдил додан ва ҳамчунин корбурди кори низомнок доир ба пурзӯр намудани назорат дар ин самт норгузир аст.
Дар ҷамъомади видеоселекторӣ нишондодҳои иқтисодӣ низ амиқ ва ба таври танқидӣ таҳлил гардиданд, ки дар панҷ моҳи охир дар мамлакат ба даст омадаанд. Инфлятсия дар ин муддат 6,6 фоизро ташкил намуд ва аз пешгӯишуда зиёд нагардид, аммо болоравии нарх 7,4 фоизро дар Тошканд, 7,3 фоизро дар вилояти Андиҷон, 7,1 фоизро дар Қароқалпоқистон ташкил намуд. Сабабҳои ин нишон дода шуда, камбудиҳо дар соҳаи идоракунӣ зикр гардиданд.
Тавре ки маълум аст, имрӯз дар минтақаҳо ба афзудани омодасозии меваву сабзавот, маҳсулоти чорводорӣ, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ ва асал эътибори алоҳида нигаронда мешавад. Бо ин мақсад ба соҳибкорон ва фермерон кредит, қитъаи замин барои захираи хӯрока дар ҳаҷми ногузир ҷудо карда мешавад, имтиёзоти зарурӣ пешниҳод мегардад. Аммо, мутаассифона, натиҷаҳои амалии аниқ аз ин эътибор, ки дар дараҷаи давлатӣ нигаронда мешавад, эҳсос намегардад. Ин дар навбати худ ба нигоҳ доштани суботнокии нарх дар бозори дохилӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Дар ҷамъомад сабабҳои асосии боло рафтани нархи гӯшт дар бозор муфассал таҳлил гардид. Нарасидани хӯрока, ем ва шелуха сабаби асосии он шумурда шуда, он чиз зери танқид қарор гирифт, ки хӯрокаи ҳайвонот аз нархи муқарраргардида қиматтар фурӯхта мешавад.
Мутаассифона, дар бозорҳо риоя нагардидани маданияти савдо, халалдор гардидани маҳак ва талабот дар ин соҳа ба назар мерасад, ки ин низ сабаби ҷиддии ба таври сунъӣ боло бурдани нарх ба шумор меравад. Ба ҷои бартараф намудани чунин ҳолатҳо роҳбарон ва шахсони масъули бозорҳо худашон бо тамаъгирӣ машғул мегарданд.
Дар ҷамъомад боз як масъалаи муҳим баррасӣ гардид. Тавре ки маълум аст, барои ҷилавгирии боло рафтани  нарх ба маҳсулоти асосии хӯрокворӣ дар бозори дохилӣ соли гузашта фонди махсус ташкил гардида буд. Аз сабаби ғайриқаноатбахш ташкил намудани фаъолияти он то ҳоли ҳозир ба мамлакат ба миқдори 155 миллион доллар қанд, равғани растанӣ, картошка ва гӯшти мурғ аз хориҷ оварда шудааст. Таъсири фонд ба барқарорсозии нарх ҳеҷ ба назар намерасад. Он чизро низ  ҳеҷ тарафдорӣ кардан мумкин нест, ки фонд ба ташкилоти кредитдиҳанда, ки ба манфиати соҳибкорони алоҳида хизмат менамояд, табдил ёфтааст, таъкид кард роҳбари давлат.
Дар ҷамъомад бо назардошти мулоҳизаҳои танқидӣ ба Прокуратураи генералӣ санҷиши ҷиддии фаъолияти фонди мазкур супурда шуд.
Роҳбари давлат бо таассуф сол то сол афзудани нархи масолеҳи сохтмонро таъкид кард, ки барои ҳаёти фараҳноки одамон аҳамияти фавқулодда дорад. Эътибори роҳбарон ва шахсони масъули дахлдор ба он чиз нигаронда шуд, ки ин ба дараҷаи инфлятсия таъсири манфӣ расонда, нархи масолеҳи сохтмон дар муқоиса бо ибтидои сол дар мамлакат 16 фоиз афзуда, аз он ҷумла дар вилояти Тошканд 23 фоиз, дар вилояти Сурхондарё 20 фоиз ва вилояти Хоразм 19 фоиз афзудааст.
Кам гардидани майдон барои кишти такрорӣ ба 238 ҳазор гектар бо назардошти нарасидани об имсол набояд сабаби кам гардидани ҳаҷми таҳияи маҳсулот ва болоравии нарх гардад. Аз ин рӯ аз ҳисоби кишти пурраи такрории 680 ҳазор гектари боқимонда ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ мо дар ҳаҷме ҳосил ба даст орем, ки чӣ барои бозори дохилӣ ва чӣ барои содирот кифоя бошад. Агар обро бо тартиб ва оқилона истифода барем,  он барои тамоми кишт кифоя мекунад, – гуфт Президент.
Барои бартарафсозии мушкилоти мазкур супориш дода шуд, ки штаби ҷумҳурӣ ва гурӯҳи корӣ доир ба кишти такрорӣ ташкил карда шавад. Вазифаҳои дахлдор доир ба парвариши кишти такрорӣ, нигоҳубини он, ҷамъоварии беталафи ҳосили парваришёфта, роҳандозии кори муташаккил доир ба кишти такрории заминҳое, ки аз ғалладона холӣ гаштаанд, муайян карда шуданд.
Дар ҷамъомади видеоселекторӣ ногузирии андешидани чорабиниҳо доир ба захира намудани маҳсулоти кишоварзӣ, бо фермерон имзо намудани қарордод барои гузоштани ҳосили кишти такрорӣ, сари  вақт ҷудо намудани маблағ барои бунак таъкид гардид.
Инчунин вазифаҳои дақиқ барои роҳ нагузоштан ба ҷудо намудани об барои майдонҳои киштгардандаи аз ғалладона холигардида, муқаррар карда шуданд.
Дар ҷамъомад ба роҳбарон ва шахсони масъул доир ба таҳияи барномаи рушди чорводорӣ, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ, ташкили захираи хӯрокаи муфид барои ин соҳаҳо дар солҳои 2018-2021, маълум намудани эҳтиёҷ ба намудҳои асосии озуқаворӣ аз рӯи ҳар як минтақа, муайян намудани чорабиниҳои дахлдори ташкилӣ доир ба ворид намудани онҳо аз ҳисоби фонди махсус, қабули чорабиниҳои муассир дар бобати таъмини нархи суботнок дар бозорҳо супоришҳо дода шуд.
Аз рӯи масъалаҳое, ки дар ҷамъомад муҳокима гардиданд, қарорҳои дахлдор қабул гардида, ба ҷорӣ намудани зарурати назорати ҷиддӣ ва мунтазам маълумот додан дар бораи иҷрои онҳо супориш дода шуд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: