Пурсиши иҷтимоӣ:

88 ФОИЗИ ПУРСИДАШУДАГОН АЗ ИСЛОҲОТИ КОНСТИТУТСИОНӢ ХАБАРДОРАНД

Ҳангоми татбиқи ислоҳоти конститутсионӣ пеш аз он ки ба фаъолияти қонунгузорӣ оғоз намоянд, бояд ба омӯзиши афкори умум таваҷҷуҳи махсус дода шавад.
Ин имкон медиҳад, ки эҳтиёҷот ва манфиатҳои ҳам шаҳрвандони алоҳида ва ҳам умуман ҷамъияти шаҳрвандӣ инъикос карда шавад.
Ба ин муносибат Маркази ҷумҳуриявии омӯзиши афкори умум «Ижтимоий фикр» бахшида ба омӯзиши афкори умум вобаста ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсия, зарурати такмили он мутобиқи талаботи замон, фароҳам овардани пойгоҳи ҳуқуқӣ барои марҳилаи нави рушди кишварамон тадқиқоти ҳамаҷониба гузаронд.
Маълумотҳои бадастомада имкон медиҳад, ки самаранокии ислоҳоти конститутсионӣ баланд гардад, ба Конститутсияи амалкунанда, ки ба мақсадҳои рушди устувори Ӯзбекистони Нав ҷавобгӯ буда, ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои зиёди одамон ҳидмат мекунад, тағйироти сифатан нав, муҳим ва васеъмиқёс ворид карда шавад.
Тавре ки тадқиқот нишон дод, 88 фоизи пурсидашудагон аз раванди ҷамъ овардани пешниҳодҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон умуман огоҳанд.
Ин аз ҷалби ҷомеаи васеъ ба раванди мазкури сиёсӣ, ки дар мамлакат ҷараён дорад, ҳисси дахлдорӣ ва масъулияти шаҳрвандон барои тақдири давлат шаҳодат медиҳад.
Аксарияти пурсидашудагон – 83 фоиз – аз ислоҳоти конститутсионӣ ҷонибдорӣ намуда, зарурати такмили Қонуни Асосиро дар воқеияти имрӯз эътироф мекунанд. Чи хеле ки нишондиҳандаҳои пурсиш нишон доданд, 76 фоизи пурсидашудагон аз фаъолияти Комиссияи конститутсионӣ хабардоранд.
Дар баробари ин мувофиқи маълумоти расида, 47,2 фоизи пурсидашудагон барои иштирокашон дар раванди такмили Конститутсия муҳим мешуморанд, дар ҳоле, ки 24,1 фоизи шаҳрвандон аллакай ба Конститутсияи амалкунанда пешниҳоду иловаҳои худро тақдим кардаанд.
Дар ҷараёни омӯзиш манбаъҳои дарёфти маълумот дар бораи раванди оғозшудаи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи кишвар мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.  Ҳамин тариқ 32,8 фоизи пурсидашудагон дар ин бора аз тариқи телевизион огоҳ шудаанд. Фиристодани паёмаки SMS низ дар ин маврид нақши муҳим бозидааст – 23 фоизи пурсидашудагон тавассути онҳо маълумот гирифтаанд. 17 фоизи пурсидашудагон маълумоти худро аз каналҳои Telegram ва 15 фоиз аз шабакаҳои иҷтимоӣ (Facebook, Instagram) гирифтаанд.
Таҳлили пурсиши афкори умум нишон дод, ки бинобар ақидаи пурсидашудагон масъалаҳои муҳимтарине, ки бояд дар Конститутсия инъикос ёбанд, такмили низоми идоракунии давлатӣ, пурзӯр гардондани таъмин кардани ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, таҳкими ҳифзи иҷтимоии табақаи эҳтиёҷманди аҳолӣ (шахсони ногиро, бачаҳои бепарастор, занон, куҳансолон ва нафақахӯроне, ки саробонашонро гум кардаанд), инчунин баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти давлат ва ҷамъият ба ҳисоб мераванд.
Тадқиқот инчунин нишон дод, ки ҳифзи муҳити зист ва таъмини ҳуқуқҳои экологӣ аз вазифаҳои муҳим аст. Ба ғайр аз ин, пурсидашудагон аз масъалаҳои ташаккул ва таҳкими арзишҳои умумибашарӣ, миллӣ ва оилавӣ, пурзӯр намудани ҳифзи моликияти хусусӣ ва таъмини сифати таълим низ ёдовар шуданд.
Тавре маълум гардид,  пурсидашудагон дарк менамоянд, ки ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи кишвар равандест, ки масъулият ва иштироки ҳар як шаҳрвандро тақозо мекунад, ки метавонад ба рушди ояндаи кишвар таъсир расонад. Умуман натиҷаҳои омӯзиши ҳаматарафаи афкори умум аз он гувоҳӣ медиҳад, ки таҳрири нави Қонуни Асосӣ бешубҳа самараи ҷидду ҷаҳди якҷояи ҷамъият ва ҳокимияти давлатӣ хоҳад шуд.
Моҳият ва аҳамияти тағйироти пешниҳодшуда нишон медиҳад, ки дар маркази эътибори фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ бояд инсон бошад ва мақсади асосии ҳамаи ислоҳоти конститутсионӣ барои шаҳрвандон фароҳам овардани шароити муносиб буда ба онҳо имкон медиҳад, ки нерӯ ва имкониятҳои худро пурра татбиқ намоянд.

Шаҳноза 
МАМАТУРОПОВА,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: